Моҳияти давлати ҳуқуқи-дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яке аз хусусиятҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти моддаи якуми Конститутсия давлати дунявӣ эътироф ва муайян карда шудааст. Роҳи демократӣ ва дунявиро пеш гирифтани Тоҷикистон тасодуфӣ нест, зеро ки ҳодисаҳои нангине дар кишвар солҳои 1990-1992 ба вуқўъ омада буд, аз он шаҳодат медиҳад, ки ин хусуссият яъне дунявият ба Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун омили ҳимояи соҳибихтиёрии давлат ва таҳкурсии бунёди давлати миллии тоҷикон баҳисоб меравад ва тақозои замон буд.

Дар замони муосир хусусияти дунявият хислати ҷунбиши ҷаҳонӣ дошта ин тамоил тамомии ҷомеаи Тоҷикистони соҳибихтиёрро фаро гирифтааст ва ҳама вақт ғояҳою арзишҳои онро ҳифз карда метавонанд. Дар ин ҷода сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш бо зиёин ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ чунин қайд намудаанд: «Бо қабули Конститутсия майлу иродаи халқи Тоҷикистон оид ба эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар бобати интихоби сарнавишти минбаъдаи кишвар имтиҳони ҷиддие буд, муайян гардид. Ин иқдоми таърихӣ ҳама гуна андешаҳои бадхоҳони миллати тоҷикро, ки ба қудрати мардуми мо барои зимоми давлатдориро ба дасти худ гирифтан шубҳа мекарданд, ботил гардонид».

Дунявӣ эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаклгирии давлатдории миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳамият ва шукўҳи хосаеро доро мебошад. Мувофиқи Конститутсия Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад. Ин хислати давлат бо хусусияти ҷамъият, ки дар он таъсири дин хеле зиёдаст, вобаста мебошад. Мазмуни асосии хусусияти дунявӣ доштани давлат дар Конститутсия инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, дар қисми дуюми моддаи 8 гуфта шудааст, ки ҳеҷ як мафкура аз ҷумла, мафкураи динӣ, ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намешавад.

Меъёри мазкур давоми мантиқии қисми якуми моддаи 8 буда, дар он тибқи равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ қарор гирифтан ҳаёти ҷамъиятӣ муқаррар шудааст. Дар қисми чоруми моддаи 8 муайян шудааст, ки ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Чунин хусусияти давлат бо моҳияти демократии он алоқаманд буда, ба манфиати тамоми мардум амал кардани ўро мефаҳмонад. Аммо ҷудо эълон кардани ташкилотҳои динӣ аз давлат, мазмуни инкори ҳамкории онҳоро надорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаҳои зерини давлати дунявиро тасниф кардан мумкин аст:
-манъи дахолати иттиҳодияҳои динӣ ба фаъолияти мақомоти давлатӣ;
-баробарии маҷудияти ҳамаи динҳо;
-сарчашмаи ҳуқуқ эътироф нагардидани қоидаҳои динӣ;
-озодии виҷдон.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии амалкунанда ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро барои эътиқоди динӣ маҳдуд намекунанд. Тибқи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон давлат ва мақомоти он танҳо бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ,озодӣ,манфиатҳои шаҳрвандон, низому суботи сиёсӣ ва амнияти иҷтимоӣ ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъияти дахолат мекунад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ манъ карда мешавад, ки онҳо хусусияти миллатгароӣ, наҷодпарастӣ, хусумату бадбинии иҷтимоӣ ва бо роҳи зўрӣ ба несту нобуд сохтони сохтори конститутсионӣ ва ба ташкили гурўҳи мусаллаҳ даъват менамояд давлат манъ менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз дар асоси қарорҳои пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти зиёда аз ҳаҷдаҳ ҳаракатҳои ғайриқонунӣ манъ карда шудаанд. Аз ҷумла: «Ҳизб-ут-таҳрир», Салафия, Ҳаракати исломии Узбекистон, Гурўҳи 24 ва ғайра. Шахсоне, ки ба ин ҳаракатҳои ғайри қонуни шомил мешаванд тибқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд, зеро ки пайравони ин равияҳо ошкоро бадбинии мазҳабиро таъқиб менамуданд ва рафтори онҳо ба қисми 5 моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ мухолифат менамояд.

Имрўз дар мамлакти мо сулҳу субот волоияти қонун арзиши олии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби давлат ва дастгоҳи он кафолат дода мешавад ва баҳри риояву амалишавии он Парлумони кишвар санадҳои меъёриву ҳуқуқии ҷавобгў ба стандарти байналхалқиро ба тасвиб расонидааст. Баҳри амалӣ намудани баъзе аз хусусиятҳои конститутсионии давлат дар Тоҷикистон Қонун дар бораи «Ҳизбҳои сиёсӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба тасвиб расидаанд. Ин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, баробарии ҳамаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки қайди давлатиро гузаштаанд ва ҳамаи дину маҳзабҳо дар назди қонун кафолат медиҳанд. Муқаррар кардани ягон хел афзалият ё маҳдуд кардани яке аз динҳо норавост, бинобар он давлат иҷрои вазифаи давлатиро ба зиммаи ягон ташкилотҳои динӣ намегузорад ва ба ташкилотҳои динӣ манъ карда шудааст то ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ иштирок намуда онҳоро маблағгузорӣ намоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии сарвари давлат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти соҳаи маориф баргузор шуда истодааст, ки шаҳодат аз ҷудо будани низоми давлатии маорифро аз ташкилотҳои динӣ муқаррар намуда боз ҳам дунявӣ будани далатро мустаҳкам менамояд.

Хулоса, ба тарзи конститутсионӣ танзим ёфтани хусусиятҳои хоси дунявӣ пеш аз ҳама барои якпорчагӣ, дахлнопазирии Тоҷикистон равона гардида, онҳо имконият медиҳанд таъсиси гурўҳҳои силоҳбаст, хароб кардани амнияти миллӣ,тарғиби наҷодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумати иҷтимоӣ ва динӣ пешгири карда шавад.

Ҳамзамон татбиқ кардани омилҳои давлати дунявӣ дар Тоҷикистон ва муайян кардани кафолатҳои онҳо барои устувор гардонидани пояҳои давлатдории Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Аз ин рў шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тибқи муқаррароти моддаи 100-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирнопазиранд. Аз ин рў, фаъолияти давлат ба пўрзўр кардани асосҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии хусусиятҳои номбаршуда равона карда шудааст.

Кенҷаев Шўҳратҷон Юсуфович
декани факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh