Чу узве ба дард оварад рўзгор…

Ҳодисаи нангини 16-уми декабри соли равон - аз ҷониби террористон тарконда шудани таълимгоҳ-омўзишгоҳи артишӣ дар шаҳри Пешовари Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки боиси шаҳид гаштани 148 тифл ва 9 нафар муаллим ва ҷароҳат бардоштани беш аз 120 нафар муҳассили дигар шуд, ҷомеаи ҷаҳонро бетараф гузошта наметавонад.

 Ба андешаи ман ҳамчун зан, модар ягон нафаре, ки ин лаҳзаҳои мудҳишро тариқи симо дид, бе эҳсосоти амиқи андўҳу ҳузн ва бе ашки талх таҳаммул карда натавонист:

Вуҷуди тамоман эҳсосоташ яхбаста ва ба ҷои дил санг доштан лозим, ки миёни тифлакони бегуноҳу маъсум истода ва дастонат раванд, ки онҳоро дар як лаҳза ба коми марг тела диҳӣ…

…Ҳамин соате пеш, ҳини танаффус муҳассилини ин таълимгоҳ монанди дигар бачагон ҳама бо шавқу шўр бо якдигар сўҳбату шавқун доштанд, ҳама баробар, ба якдигар навбат надода, ҳарф мезаданд ва шояд изҳори орзуву ормон менамуданд, ки ба воя расида, ҳар ваҷаби хоки Ватанро ҳифз мекунанду ҳимоятгар мешаванд. Як нафар тифлак дар даст офтоба ба бехи гулҳои ташнаи гулдонҳо об мерехт, дастаи бачагон дар атрофи таълимгоҳ даводаву бозӣ доштанд… Ва омўзгорон дар ин лаҳзаҳо тарҳи машғулияти нав мекашиданд…

Ва ба хотири касе намерасид, ки дар гўшаи дигари ин сарзамин як гурўҳе, ки ҳатто, ба инсон гуфтан забон намегардад, нақша мекашид, тарҳи амалиёти мудҳишу даҳшатангезро…

Он рўз дар хонадони яксаду панҷоҳ нафар шаҳрвандони ин сарзамин мотам буду модарони ҷигарсўхтаву падарони зор навҳаву фарёд доштанд. Оҳи онон қалби ҳар сокини на танҳо ин кишвари мотамзада, балки ягон узви ҷомеаи ҷаҳонро бетарафу ором гузошта натавонист. Дуди оҳи ин волидони дилфигор ҳафт қабати осмонро шикоф карда, ба фалак печид… Ин доғҳои алмосӣ, ки дар қалби волидон гузошта шуд, то абад аз қалбҳои онон зудуда нахоҳад шуд, лабҳои онон то лаҳзаҳои вопасини умр аз доғи фарзанд лабхандро нахоҳад дид…

Террорист ватан, миллат, нажод надорад…

Толибони мусаллаҳ, тавре аз шабакаҳои иҷтимоӣ, тариқи интернет иттилоъ доданд, ки он рўз 500 нафар хонанда ва омўзгорони омўзишгоҳи ҳарбиро гаравгон гирифтанд. Сохторҳои қудратии Покистон баҳри озод намудани гаравгонон амалиёти фаврӣ гузаронданд. Лекин террористи худкуш дар ин муддат се таркишро ба амал оварда, 148 нафар тифли аз 9 то 14-соларо ба қатл расонд.

Як хонандаи синфи 10-ум, ки Ибод ном дошт, гуфт, худаш дидааст, ки даҳҳо нафар аз ҳамдарсонаш кушта шуданд: "Соат даҳуними рўз буд ва мо барои аввалин дарси сарҳанги артиш ба синфхона даъват шудем. Вақте мо дохил мерафтем, тирандозӣ сар шуд ва мусаллаҳон ба синфхона даромаданд. Онҳо бисёре аз донишҷўёнро парронданд. Ман кушта шудани 40 то 50 нафарро дидам ва ҳам дидам, ки сарҳангро дар пеши чашмони мо парронданд…"

Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф изҳорот кард, ба Пешовар сафар мекунад ва дар робита ба ҳалокати шаҳрвандон дар ҳамлаи толибон дар мамлакат се рўзи мотами миллӣ эълон гардид: "Ман наметавонам дар чунин лаҳзаҳо дар Исломобод биншинам. Ин фоҷиаи миллист, ки аз тарафи ваҳшиён анҷом дода шуд.

Кушташудаҳо фарзандони ман буданд. Ин бохти ман аст. Ин бохти миллат аст. Ман ба Пешовар меравам ва худам ба амалиёт раҳбарӣ мекунам,."-изҳор кард Навоз Шариф. Ҳамчунин Сарвазир изҳор кард, Покистон наметавонад, дар муқобили чунин амали террористӣ ва терроризм хомўш истад. Террористон хоҳ дар дохили мамлакат ва хоҳ дар хориҷа бошанд, ҷустуҷў ва дарёфт гардида, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Сарвазир Муҳаммад Навоз Шариф баъди ин амали террористӣ дар бораи қатъ кардани мораторий ба ҳукми қатл дар мамлакат қарори худро изҳор дошт.

Амали ваҳшиёна қалби маро шикаст…

Амали ваҳшиёнаи террористӣ, ки аз ҷониби гурўҳи Толибон ба амал бароварда шуд, ягон нафар фарди солим-афкори ҷомеаи ҷаҳониро бетараф нагузошт. Дар тамоми мамолики дунё, аз ҷумла Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Русия ҳама аъзои ҷомеа амали террористиро маҳкум менамоянд. Зеро Саъдии бузургвор гуфтааст:

Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рўзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

Худи ҳамон рўз Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз номи тамоми мардуми Тоҷикистон ба номи Сарвазири Хукумати мамлакати Покистон Муҳаммад Навоз Шариф номаи тасаллият ирсол намуданд.

Дар номаи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омадааст:
“Хоҳишмандам, тасаллият ва ҳамдардии мардум ва Ҳукумати Тоҷикистонро қабул фармоед ва эҳсоси гарми дўстонаи моро ба пайвандони бегуноҳ кушташудагон ва маҷрўҳон бирасонед”.

Ҳамон бегоҳ тариқи барномаи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон директори Маркази исломшиносии Тоҷикистон Муродалӣ Давлат сухан карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар дини мубини ислом, китоби «Қуръон» дар бораи ба қатл расондани инсон, бахусус тифлон, ки онон монанди ҳур маъсуму поку бегуноҳанд, сухане гуфта нашудааст ва куштор гуноҳи кабира маҳсуб мешавад. Чуноне дар сураи мубораки «Мулк» омадааст, Парвардигор мегўяд: «Ман ҳаёт ва маргро халқ кардам. Вой бар ҳоли оне, ки барои худ ҳам дар ин дунё, ҳам дар охират маргро интихоб намуд…» -гуфт Муродалӣ Давлат. Дар сўҳбати тўлонии телевизионӣ ҳамчунин сарвари Маркази исломшиносии кишвар изҳор дошт, ки ин ҳодиса бори дигар мардуми мамлакати моро ҳушдор медиҳад, ҳушёриро аз даст надиҳем, ба ҷаҳолату хурофот дода нашавем.

Тариқи расонаҳо ва воситаҳои ахбори умум дар ин раванд ҷомеаи ҷаҳон, фардони бонуфуз, сиёсатмадорон андешаҳои худро иброз дошта, аз ҷумла зикр менамоянд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҳодисаи нангинро маҳкум менамояд.

Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун аз ҳукуматдорони Покистон хост, то барои ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорон тамоми чораҳоро роҳандозӣ намоянд.

Раиси Парлумони Иттиҳоди Аврупо Мартин Шултс ҳамла ба муассисаи таълимиро ҷинояти ваҳшиёна номида, гуфт, ин бори дигар идеология ва рафтори ғайриинсононаи Толибонро нишон дод. Чизе, ки моро ба ташвиш овард, ин аст, ки ифротгароён, ҳатто аз куштори кўдакон худдорӣ накарданд,-гуфт Мартин Шултс. Малола Юсуфзай, ки чанде қабл ҷоизаи Сулҳи Нобелро ба даст оварда буд, гуфт: амали террористии ваҳшиёна қалби маро шикастааст.

Дигар ҷоизадори Нобел, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи кўдакон дар мамлакати Ҳиндустон Кайлаш Сатйартҳи иброз дошт: «Силоҳбадастони Толибон ва дигар гурўҳҳои ифротгаро, ки кўдаконро ба қатл мерасонанд, душмани башарият мебошанд».

Роҳбари муносибатҳои дипломатии Иттиҳоди Аврупо Фредерик Могерин қайд намуд, ки ин ҳамла бори дигар нишон медиҳад, ки дар минтақа вазъияти хатарнок боқӣ мондааст.

Дар ҷомеаҳои меҳнатӣ, коргоҳҳо, муассисаҳои таълимиву нигаҳдории тандурустӣ ва фарҳангии шаҳру навоҳии Тоҷикистони мо низ шаҳрвандони кишвар ҷамъомадҳо доир намуда, ин амали ваҳшиёнаро маҳкум менамоянд.

Ҳамидхон Валиев - сармутахассиси Раёсати маорифи шаҳри Исфара изҳор дошт, ҳодисаи нангину ҳузновар ва ҳамлаи бераҳмонаю хунсардонаи гурўҳи «Таҳрики Толибон» ба омўзишгоҳи ҳарбии шаҳри Пешовари Покистон, ки беш аз 148 талаба ва 9 нафар омўзгорро ваҳшиёна ба қатл расониданд, ҳамчунин қатли бераҳмонаи 150 зан аз ҷониби гурўҳи террористӣ дар мамлакати Сурия тамоми мардуми Исфара, аз ҷумла омўзгорону хонандагонро орому бефарқ гузошта наметавонад ва онҳо ҷамъомадҳо доир намуда, амалро шадидан маҳкум менамоянд ва ин амалҳоро ваҳшиёнаю ғайриинсонӣ меҳисобанд. Худ куштани кўдакони бегуноҳ амали ғайриинсонист ва ба ҳеҷ қолаб рост намеояд. Силоҳбадастони разил вориди мактаб шуда, хонандагонро ҳадафи силоҳи оташфишон қарор доданд. Аз теъдоди умумии қурбониён, ки кўдакону наврасони аз 9 то 14-соларо ташкил медиҳад, 9 нафараш омўзгор мебошад. Ҳамчунин бар асари ин ҳамлаи хунин 120 нафар захмӣ гардид.

Чанд рўз аст, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳри Исфара бо иштироки хонандагону омўзгорон ин ҳодисаи нангину даҳшатовар муҳокима мегардад ва кулли омўзгорону муҳассилинро ба хашму ғазаб овардааст. Аз ҷумла, дар ҷамъомади директорони муассисаҳои таълимӣ Б.Азимова, Б.Раҳматов, Б.Қосимова, С.Маҳмудова ва дигарон ин фоҷиаи даҳшатбор ва мудҳишро маҳкум намуда, изҳор карданд, ки алайҳи терроризму экстремизм ва ифротгароӣ беамону дастҷамъона бояд муборизаро идома дод ва барои оромиву ободии диёри худ, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайр тадбирҳои таъхирнопазир андешид ва ононро ба меҳнати дилгармона ҳидоят намуд.

Маорифчиёни шаҳри Исфара ба изҳори тасаллият ва ҳамдардии тамоми мардуми Тоҷикистон ҳамроҳ шуда, ба падару модар, хешовандон ва наздикони хонандагону омўзгорони шаҳидгардида ҳамдардӣ баён менамоянд.

Вазъият ҳушдор медиҳад…

Сарвари давлати Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо кормандони соҳаи прокуратура ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат таъкид намудаанд:

«Дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар масъулияти дучанд тақозо мекунад.

Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонад, пояҳои давлатро заиф гардонад, аз фаъ-олияти мўътадилу муназзами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вобастагии мустақим дорад».

Имрўз вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳарвақта мураккаб буда, ба ҷуз ихтилофоти сиёсиву мазҳабиву динӣ ихтилофоти миёни мусулмонон боиси нигаронист. Имрўз вазъ дар мамолики араб - Сурия, Ироқ, Миср, Либия муташанниҷ аст. Дар мамлакати Сурия ба қатл расонда шудани беш аз яксаду панҷоҳ зан ба ҳеҷ қолаб рост намеояд. Аз ҷониби худи мусулмонон бе ҳеҷ ҷурм беш аз 150 занони бегуноҳ ваҳшиёна ба қатл расонда шуданд, ки дар байнашон ҳатто, занони ҳомиладор духтарони маъсум, ноболиғон низ ҳастанд. Ин даҳшатангезтарин воқеа аст, ки касеро бетараф гузошта наметавонад. Чунин ашхос, онҳое, ки дини мубини исломро ҳамчун яроқ истифода бурда, қатлу куштор анҷом медиҳанд, аз маърифати ислом фарсахҳо дуранд. Инҳо шахсонеанд, ки ба ҷаҳолати мураккаб гирифтор гардидаанд.

Ислом ҳеҷ вақт нисбати қатли инсон, куштор фатво надодааст. Куштор дар дини мубини ислом гуноҳи кабира ҳисоб мешавад. Чунин воқеаву рўйдодҳо бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро баҳри он ҳушдор месозад, ки муборизаи беамон алайҳи ҳодисаҳо, падидаҳо ва зуҳуроти номатлуб бо шаклу воситаҳои гуногун идома дода шавад.

Дар мамлакати мо низ шомил гардидани бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун боиси нигаронист ва баъди чунин ҳодисаҳо бетарафӣ нисбат ба гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна гурўҳҳо набояд зоҳир шавад ва ҳар лаҳза дар хотир дошта бошем, ки ин рўзгори ободу осоиштаи мардуми Тоҷикистони азизи мо бо осонӣ ба даст наомадааст. Он натиҷаи фидокориву ҷонбозиҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, боло гирифтани эҳсоси худшиносӣ ва меҳанпарастии мардуми тоҷик, меҳнати бунёдкоронаву созандаи халқи кўҳанбунёди кишвар мебошад.

Ислом дини покизагист, дини инсонпарастист, дини таҳаммулпазириву ахлоқи ҳамидаи Абў Ҳанифа Имоми Аъзам аст. Таҳкурсӣ ва асоси хулқу рафтори ҳамида бошад, дар сиришти мардуми тоҷик асрҳо инҷониб гузошта шудааст. Мардуми мо соҳиби тамаддуни бою ғанӣ, фарҳанги воло аст. Ҳама яктану якҷон гардида, баҳри мустаҳкамсозии Ваҳдати миллӣ дар мамлакат, Истиқлолияти давлатӣ, ободу осудагии кишвари азизамон, дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як мамлакати пешрафта ном баровардани он меҳнати бунёдкоронаву созанда намоем, ба қадри сулҳу субот, оромиву осудагӣ, осмони софу беғубори Тоҷикистони азиз бирасем.

Дар мамлакати мо низ шомил гардидани бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун боиси нигаронист ва баъди чунин ҳодисаҳо бетарафӣ нисбат ба гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна гурўҳҳо набояд кард ва ҳар лаҳза дар хотир дошта бошем, ки ин рўзгори ободу осоиштаи мардуми Тоҷикистони азизи мо бо осонӣ ба даст наомадааст.

Рафоат МЎЪМИНОВА

Add comment


Security code
Refresh