Лоиҳаи бинои Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд пас аз такмилу таҳрир муаррифӣ карда шуд
- Details
- Published on Saturday, 09 November 2024 15:24
Тавре қаблан хабар дода будем, Муассисаи давлатии “Қароргоҳи Сарвари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” соҳиби бинои нав хоҳад шуд.
Бунёди бинои нав ба ҷои бинои қаблии қароргоҳ дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Тибқи лоиҳаи пешакӣ иншоот дорои толорҳои хурду бузург барои гузаронидани чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ, мулоқоту вохӯриҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, қабули меҳмонон, меҳмонхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ хоҳад шуд.
Маҳалли ҷойгиршавии қароргоҳ, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд аст, барои қабулу гусели меҳмонон низ мувофиқ мебошад.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо тарҳи пешниҳодшуда ба лоиҳакашону меъморон барои боз ҳам такмил додани лоиҳаи биноҳои сохташаванда ва ба назар гирифтани санъати меъмории миллӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.