Таҷлили Рўзи кормандони милитсия
- Details
- Published on Thursday, 07 November 2024 21:17
7 ноябри соли 2024 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рўзи кормандони милитсия ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар ҳамоиши идона тамоми кормандони милитсия ва собиқадорони соҳаро бо иди касбиашон табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ ва дар фаъолияти пуршарафи хизмати содиқона ба халқу Ватан муваффақият орзу намуд.
Тазаккур дода шуд, ки расидан ба истиқлоли давлатӣ дар таърихи рушди милитсияи тоҷик давраи навро оғоз намуд ва шароит фароҳам овард, ки кормандони ин ниҳод бо дарки масъулият, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ба хотири ҳимояи ин неъмати арзишмандтарин, яъне истиқлолу озодӣ вазифаи муқаддасу ҷонии худро сарбаландона ба ҷой оваранд.
Зеро дар ҳама давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад, ки иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор шудааст.
Кормандони мақомоти милитсия аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ то имрӯз якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ кардани ҳама гуна қонунвайронкуниҳо содиқона ва ҷавонмардона хизмат карда истодаанд.
Мақомоти корҳои дохилӣ дар тӯли сиву се соли соҳибистиқлолӣ ба хотири ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлол, ҳифзи шараф, таъмини зиндагии ороми сокинони мамлакат ва обрӯи халқу давлати худ дар сафи пеши мубориза қарор доранд. Дар ин роҳ садҳо нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷонашонро қурбон карданд ва мардуми сипосгузори Тоҷикистон хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорад.
Кормандони далеру шуҷои милитсия дар шароити тезу тунд шудани вазъияти сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвар ҳимояи Ватан ва халқу миллатро аз ҳамаи арзишҳо волотар дониста, барои таъмини ояндаи дурахшони кишвар ва зиндагии орому осудаи мардум талоши зиёд ба харҷ доданд.
Маҳз бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан даҳҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин садҳо нафар ҷинояткорони хавфнок боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Раиси вилоят илова намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ таҳкурсии моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳамаи сохторҳои он барои дар сатҳи баланди касбӣ иҷро гардидани супоришҳои хизматӣ, бо таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ, иншооти замонавӣ ва мутахассисони касбӣ мунтазам таҳким бахшида мешавад.
Дар идомаи дастгириҳои давлатӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд низ ҷиҳати баланд бардоштани обрӯву эътибори мақомоти корҳои дохилӣ тибқи стратегия ва барномаҳои давлатӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Таъкид гардид, ки ҳамасола таҷлил шудани Рўзи кормандони милитсия шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба ин ниҳоди муҳимми давлатӣ буда, ҳар як кормандро водор месозад, ки барои таъмини иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва содиқ будан ба савганди худ масъулияти дучанд эҳсос намуда, ба халқу Ватан хизмат намояд.
Сипас, барои хизматҳои содиқона ва ба муносибати Рӯзи кормандони милитсия як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд