Иқдоми Тоҷикистон дар пешгирӣ

Терри Иглтон, донишманди бритониёӣ, терроризмро ҳамчун "Амали ғоя" муаррифӣ мекунад. Ин маънои онро дорад, ки терроризм як амали бошуурона аст, ки бар асоси як навъ замина ва монеаи зеҳнӣ асос ёфтааст.Ин аст, ки ба гуфтаи ин муаллиф, одам аз хашми ногаҳонӣ, ки аз садои телевизиони ҳамсоя ва бидуни доштани ягон заминаи зеҳнии қаблӣ рух медиҳад, хонаашро наметарконад. Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки хушунати бошуурона ва таҳдид барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ҳадафҳои аслии террористон аст.

Терроризм дар таърих решаҳои тӯлонӣ дорад, аммо дар замони муосир онро бори аввал инқилобчиёни фаронсавӣ истифода кардаанд. Аз моҳи майи соли 1793 то июли соли 1794 ҳазорон нафар дар гилотинаи Фаронса замони ҳукмронии терроризм ба қатл расонида шуданд.

Коршиносон терроризмро ба навъҳои мухталиф ҷудо мекунанд, аз ҷумла терроризми пеш аз замонавӣ, терроризми муосир, терроризми постмодернӣ ва кибертерроризм (терроризми виртуалӣ). Терроризми виртуалӣ дар натиҷаи камшавии сайёраи мо ва густариши интернет ба вуҷуд омадааст. Имрӯзҳо шаҳрвандон ба ҳар гуна сомонаҳои интернетӣ ворид шуда, фирефтаи тарғиботу ташвиқоти террористон мешаванд ва ё аз истифодаи интернет бархе худдорӣ намуда, ба онҳо вокуниш намекунанд, ки маҳз дар ҳамин лаҳза террористон зарба мезананд.

Илова бар инҳо, имрӯз аз намудҳои дигар низ ҳамчун терроризми нарм ё бехун ёд мешавад. Дар ин навъ террористон аз асбобҳои хазанда ва пинҳон манфиат мегиранд. Шояд худи ҷомеаи мавриди ҳадаф онро нафаҳмад ва бешуурона барои пешбурди он кӯмак кунад. Ин навъи терроризм дар натиҷаи афзоиши дониш ва равобити байналмилалӣ ба вуҷуд омадааст. Кибертерроризм ё терроризми маводи мухаддир яке аз хатарноктарин усулҳо мебошад. Мутаассифона, чунин навъ низ дар ҷаҳони муосир афзоиш ёфта истодааст. Ташвишовар он аст, ки дар ин намуд бештар ҷавонону наврасонро истифода мекунанд ва онҳо ба доми қотилон гирифтор мешаванд. Равоншиносон бар ин назаранд, ки терроризм як зуҳуроти ғайримантиқӣ буда, аксар вақт афроди ҷудошуда, шикастхӯрда ва ноком ба доми гурӯҳҳои террористӣ меафтанд. Воқеан, ба гуфтаи ин коршиносон, ҷавононе, ки мушкилоти шахсиятӣ доранд бештар имкони пайвастан ба террористҳоро доранд.

Терроризм ва эктремизм зуҳуроти хеле бад ва ташвишовари кулли ҷаҳон маҳсуб ёфта, сабаби сар задани ҳодисаҳои хунин, бедор кардани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва эктремизмро вазифаи меҳварии худ қарор дода, таъмини амнияти миллӣ ва ҷаҳониро бо тамоми кишварҳои олам масъалагузорӣ мекунад. Ҷиҳати ҳалли ин муаммо ҳамкориҳои муштаракро бо дигар кишварҳо тақвият бахшида, дар ин самт мунтазам баромад мекунад. Бегумон ҳадафҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ иборат мебошанд.

Лозим ба тазаккур аст, ки ифротгароӣ дар миқёси ҷаҳон бениҳоят рушд ёфта, хатари калони ҷамъиятӣ доранд ва барои бехатарии давлатҳо ва минтақаҳо воқеан таҳдид менамоянд.

Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ буда, мубориза алайҳи он ҳамкории зич ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд. Таҳдиди терроризм ва экстремизм бо истифодаи яроқи ядроӣ, химиявӣ ва бактериологӣ, инчунин ба объектҳое, ки террористон онҳоро барои анҷом додани кирдори зӯроварӣ интихоб мекунанд, имрӯзҳо на танҳо чун ҷинояти дохилидавлатӣ, ки ба манфиатҳои шахсони алоҳида, ҷомеа ва давлат зарар мерасонад, балки чун ҷинояте баррасӣ мегардад, ки дар маҷмӯъ метавонад ба тамоми ҷаҳон зиён оварад.

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯии умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад.

Созишномаҳои байналмилалиро ба асос гирифта, бояд бо дигар давлатҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин созмонҳои байналмилалӣ, ки вазифаашон аз мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) иборат аст, ҳамкории самарабахш анҷом дода шавад. Бояд аз таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо чунин зуҳурот васеъ истифода намуд, механизми ҳамоҳанги муқовимат ба терроризм ва экстремизми байналмилалиро таъсис дод ва дар ин замина ҳама гуна роҳҳои қочоқи яроқ, маводи тарканда дар дохили кишвар ва роҳҳои воридоти онҳоро аз хориҷа ба таври эътимоднок баст.

Имрӯз дар шароити нави таърихӣ низ ҷуғрофиёи терроризм ва экстремизм боз ҳам васеъ гардида, бештаре аз давлатҳои ҷаҳонро фаро мегирад. Ин муаммо ва мушкилоте ба шумор меравад, ки ҳаллу фасл, пешгирӣ ва аз миён бурдани он рисолати тамоми кишварҳои дунё ва роҳбарону сарварони онҳо ба шумор меравад.

Терроризм як масъалаи фаромиллӣ ва фаромарзӣ низ мебошад.Дар гузашта баъзеҳо гумон мекарданд, ки терроризм сарчашмаи иқтисодӣ ва равонӣ дорад. Ин маънои онро дорад, ки мардуми фақир ва ё инзиво ба гурӯҳи террористӣ мепайванданд, аммо таҳқиқи дақиқтар нишон медиҳад, ки ин фарзия беэътибор аст. Гап дар сари он аст, ки аксари ифротгароӣ дар Ховари Миёна ҳуввият ва решаи мазҳабӣ доранд. Дар канори баҳсҳои умумии беохир байни сиёсатмадорон ин ду мушкилоти ба ҳам алоқаманд, яъне терроризм ва ифротгароӣ натиҷаи табиии бесамарии вазъи кунунии байналмилалӣ ва бахусус таҳаввулоти ахир аст. Ин ду мушкилот на танҳо дар як минтақаи муайяни ҷаҳон ҳастанд ва на хоси як дини муайян. Инчунин, онро танҳо дар доираи як минтақаи мушаххас ё бо такя ба техникаи низомӣ ҳал кардан мумкин нест.

Воқеияти мушаххас ва зиштиҳои имрӯза моро водор мекунад, ки ин чолишҳоро бо чашми комилан боз мавриди омӯзиш қарор диҳем. Акнун бояд ба ҳама маълум бошад, ки муборизаи муассир ва муваффақ бо ин ду зуҳуроти номатлуб бархӯрди ҳамаҷониба ва стратегияи бисёрсоҳаро тақозо мекунад, ки пеш аз ҳама ба дарки бошууронаи шароити иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ҷаҳоние, ки онҳо ба як ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд, вобаста аст.

Ҷиҳати ҷилавгирӣ аз созмонҳои террористии ифротӣ ва дар ниҳояти кор аз байн бурдани онҳо, ки тақозои рӯзмарра аст, бояд ҳама бо тамоми донишу имконоташ зидди он мубориза барад.Имрӯз дар бораи чолишҳои ваҳшатноки терроризму ифротгароӣ, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо он рӯбарӯ аст ва ҳамчунин мубориза бо ин зуҳурот ва пешгирии паҳншавии он ва то ҳадди имкон решакан кардани он зиёд гуфта мешавад.

Новобаста аз он, ки кишварҳои мухталиф нисбат ба ин ду зуҳурот чӣ гуна мавқеъ доранд ва ё моҳияти сиёсати расмии кишварҳои мухталиф нисбат ба онҳо чӣ гуна аст, ҷомеаи ҷаҳонӣ як эътиқоди муштарак дорад, ки ин мушкилот бояд зудтар ва ба таври муассир ҳал карда шаванд. Дар ин замина пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» пешиниҳоди ниҳоят пазируфтанӣ ва саривақтӣ буда, итминон дорем, ки барои гирифтани пеши роҳи терроризму экстримизм хеле мусоидат мекунад. 

М.АНВАРОВА,

н.и.ф., дотсент

Саидсултонхон Саидғанизода,

доктори илмҳои фалсафа PhD,

кафедраи филологияи араби

факултети забонҳои шарқи МДТ

“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Add comment


Security code
Refresh