Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони шаҳри Исфара
- Details
- Published on Tuesday, 29 October 2024 12:51
Дар шаҳри Исфара мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоату шаҳрак ва кумитаи маҳал имомхатибон, директорони муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ ҳарф зада, таъкид дошт, ки маҳз дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ва талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамон рушд намуда, баробари пешрафти бахшҳои мухталифи хоҷагии халқ дар арсаи ҷаҳонӣ мақому манзалати хосаро сазовор гардид. Аз тарафи наздик 200 давлат ва созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ягона мешиносанд ва ба таъриху тамаддуни он арҷ мегузоранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масоили глобалии обу иқлим ва муқовимат бо терроризму экстремизм буда, дар ин самт мавқеъи худро дорад. Зеро терроризму экстремизм ҳамчун вабои аср эътироф гардида, дар тамоми кишварҳо бо чунин зуҳуроти номатлуби ҷомеа муборизаи беамон бурда мешавад.
Таъкид гардид, ки тибқи таҳлилҳои созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ дар ҷаҳон имрӯзҳо ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ хеле зиёд гашта, гурӯҳҳои ифротӣ бо нақшаву ғаразҳои нопоки худ таҳдид ба оромиву суботи тамоми кишварҳо доранд.
Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳон бояд фаъолон аз худ ҳушёриву зиракии бештар нишон дода, баҳри муборизаи беамон бо чунин вабои аср тамоми нерӯ ва қувваи худро сарф намоянд. Дар қарни 21, ки илму техника босуръат пеш меравад, хатару таҳдидҳои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ тавассути шабаҳои интернетӣ аксари давлатҳоро фаро гирифтааст. Мутаасифона, ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, шаҳрвандонро бо ҳар гуна роҳу восита ба сафи худ ҷалб менамоянд. Камсаводиву нодонӣ бархе ҷавонон боис ба фирефта гаштани онҳо мегардад. Бинобар ин, дар ин замина пурзӯр намудани назорат дар муассисаҳои таълимӣ,баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, гузаронидани мулоқоту вохурӣ бо қишрҳои осебпазири ҷомеа, гардишии хона ба хона, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии ҷавонону наврасон, гузаронидани мусобиқа ва чоарбиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ ва варзишӣ ба манфиати кор арзёбӣ гардид.
Дар идомаи мулоқот роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят вобаста ба масъалаи баррасишаванда маърӯза намуда, оид ба таҳдиду хатарҳои ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эктремистӣ ба оромиву суботи ҷомеа ва минтақа бо овардани далелҳои мушаххас ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Таъкид гардид, ки муқовимат бо ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ муборизаи дастаҷамъонаро талаб намуда, дар ин раванд бояд фаъолони ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд.
Дар вазъияти ҳассосу мураккаби авзои ҷаҳони муосир ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ободонии Ватани азизамон талош намояд.
Дар мулоқот аҳли зиё, ҷавонон ва ходимони дин баромад намуда, омодагии худро барои муборизаи беамон бо чунин зуҳуроти номатлуби ҷомеа баён доштанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд