Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар рӯди Оби Шӯр шинос шуданд

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдончаи назоратии рӯди Оби Шӯри Неругоҳи обии “Роғун” бо ҷараёни корҳои тозакунии сангу шағал дар сарбанди ҳимоявӣ шинос шуданд.

Сарбанди ҳимоявӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатари селу обхезӣ дар Оби Шӯр, ки ҳамасола дар мавсими боронгарӣ ба вуқуъ меояд, бунёд карда шудааст.

Зимни шиносоӣ аз раванди фаъолият дар сарбанди ҳимоявии Оби Шӯр ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки тоза намудани пешдарғоти сарбанд бо истифода аз 70 нақлиёти соҳавии пуриқтидор ва бо ҷалби 100 нафар мутахассисони маҳаллӣ сурат мегирад.

Барои дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани иқтидори ҳимоявии сарбанд, тоза намудани сангу шағал ва дигар селовардҳо дар ҳаҷми 350 ҳазор метри мукааб зарур аст ва то имрӯз корҳои иҷрошуда 50 ҳазор метри мукаабро ташкил менамояд.

Ёдовар мешавем, ки сарбанди ҳимоявии Оби Шӯр дар масофаи 1500 метр болотар аз соҳили дарё дар баромадгоҳи нақбҳои обпартои неругоҳ сохта шудааст.

Бунёди он вуруди сангҳои гаронвазн ба нақбҳои обпартои неругоҳро пешгирӣ намуда, ба таъмини фаъолияти муназзами иншооти аср — неругоҳи «Роғун» мусоидати фаъол менамояд.

Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади бунёди иншооти нави ҳимоявӣ дар шохобҳои болоии Оби Шӯр мутахассисон корҳои омӯзиширо оғоз хоҳанд кард.

Дар сурати анҷоми корҳои таҳқиқотӣ ва муайян намудани минтақаҳои мувофиқ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ сохтмони иншооти иловагии ҳимоявӣ оғоз мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро барои гузаронидани омӯзишҳои дақиқ вазифадор карда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки иҷрои босифати корҳо дар ҳама мавзеъҳои неругоҳ касбият, масъулият ва садоқати воқеӣ ба миллату давлатро собит мекунад.

Азбаски нақши муассир гузоштан дар бунёди НБО «Роғун», ки бузургтарин мактаб дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи гидроэнергетикӣ маҳсуб меёбад, қадами бузург дар роҳи расидан ба таъмини Истиқлоли энергетикӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи ҳар фарди Ватан хоҳад буд.

Зимни боздид аз Неругоҳи обии Роғун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

Add comment


Security code
Refresh