Ёрии ҳуқуқӣ ва кўмаки методию амалӣ

Дар толори Раёсати адлияи вилояти Суғд нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли ҷории Раёсати адлия ва воҳидҳои сохтории он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор карда шуд.

Дар рафти нишаст сардори Раёсати адлия Шарофиддин Шарифзода, мудири шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Раиси вилоят Темур Тӯйчизода, муовини сардори Раёсат, сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ, кормандони дастгоҳи марказии Раёсати адлия ва  намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст сардори Раёсати адлияи вилояти сухан намуда, доир ба фаъолияти Раёсати адлия ва воҳидҳои сохтории он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар нимсолаи аввали соли 2024 маълумоти мукаммал пешниҳод кард. 

Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Раёсати адлияи вилоят дар самти таълиму тарбияи ҳуқуқӣ, анҷом додани корҳои тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, расондани ёрии ҳуқуқӣ ва кӯмаки методию амалӣ ба нотариусони давлатӣ, бақайдгирии давлатии ташкилоти ҷамъиятӣ ва назорати фаъолияти оинномавии онҳо, апостилгузорӣ ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Қайд гардид, ки натиҷаи сиёсати саривақтӣ ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири адлия мебошад, ки Раёсат дар иҷрои ҳадафҳои гузошташуда ва рисолати худ ба таври ҳамешагӣ талош менамояд.

Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба масъалаҳои ташкилоти ҷамъиятии барҳам додашуда, бақайдгирии таваллуди кӯдакони аз як сола боло, гузоштани апостил ба хуҷҷатҳои расмии давлатӣ, ташкилоти адвокатӣ, номҳои ду унсура, яъне ном ва номи падар доштани шаҳрвандон, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва дигар масъалаҳои соҳавии мубрам саволҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби роҳбарияти Раёсати адлия ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh