Таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун
- Details
- Published on Thursday, 15 August 2024 11:00
Дар толори бинои Суди вилоят бо иштироки рӯзноманигорон нишсти матбуотии Суд ва Суди иқтисодии вилояти Суғд баргузор гашт.
Дар нишасти матбуотӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарият, судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи Суди вилоят иштирок намуданд.
Нахуст муовини якуми раиси Суди вилояти Суғд Ҳафиззода Тоҷиддин Миралӣ оид ба натиҷаи фаъолияти Судҳои вилоят ва шаҳру навоҳӣ дар давоми нимсолаи аввали соли 2024 иттилоъ дод.
Қайд гардид, ки дар ин марҳала аз ҷониби Суди вилояти Суғд ва судҳои шаҳру ноҳияҳо дар марҳалаҳои якум, касатсионӣ ва назоратӣ 25779 парвандаҳои ҷиноятӣ, маданӣ, оилавӣ, маъмурӣ, дархости мақомоти тафтишоти пешакӣ ва пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон дар ин давра дар коллегияҳои судии суди вилоят 277 парвандаи ҷиноятӣ, 87 парвандаи маданӣ, 158 парвандаи оилавӣ ва 58 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шудаанд.
Вобаста ба вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон” аз ҷониби судҳои вилоят 286 парванда баррасӣ гардида, нисбат ба 272 шахс ҷазои ҷарима ба маблағи 2 357540 сомонӣ таъин гардидааст. Инчунин дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати риоя накардани Қонуни Ҷумҳарии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” 8605 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шуда, нисбат ба 745 шахс огоҳӣ ва нисбат ба 6678 нафар ба маблағи 1 629494 сомонӣ ҷарима таъин шудааст.
Муовини якуми раиси Суди вилояти Суғд Ҳафиззода Тоҷиддин Миралӣ қайд кард, ки роҳбарияти Суди вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рӯзҳои шанбе 128 шаҳрвандро қабул намуда, арзу шикоятҳои онҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Судҳои вилоят дар давраи нимсолаи аввали соли 2024 аз рӯи маблағҳои боҷи давлатӣ, ҷарима, мусоидираи амвол ба тариқи маблағҳои пулӣ, товони зарари аз тасарруфи амволи давлатӣ ва зарари аз дигар ҷиноятҳо расонидашуда, инчунин аз рӯи даъвои прокурорҳо ва аз рӯи навиштаҷоти иҷроиши мақомоти гуногуни давлатӣ маблағи умумии 22423670 сомонӣ амалан ба буҷети ҷумҳурӣ рӯёнидаанд.
Сипас оид ба фаъолияти шашмоҳаи Суди иқтисодии вилояти Суғд маърӯзаи раси Суди иқтисодии вилоят шунида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Суди иқтисодии вилоят давоми нимсолаи якуми соли 2024 306 парванда ба маблағи 15 070246,12 сомонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Дар 164 ҳолати баррасии парвандаҳо ҳалномаҳои судӣ қабул гардида, аризаҳои даъвогӣ ба 12021006,18 сомонӣ қонеъ гардонида шудаанд.
Дар поёни нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон ба суолҳои хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.
Сурайё ҲАКИМОВА
“Ҳақиқати Суғд”