Муқобилияти мувафаққона бо терроризм ва экстремизм
- Details
- Published on Thursday, 15 August 2024 10:23
Зери назари насли калонсол қарор доштани зиракии сиёсии ҷавонон, назорати қатъии истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи волидайн, робитаи мустаҳками мактаб ва оила, ҷалби наврасони соҳибзавқ ба маҳфилҳои фаннию ихтироъкорӣ, таваҷҷуҳ ба масъалаи илмомӯзии ҷавонону наврасони деҳоти дурдаст ва фароҳам овардани шароити таҳсилу фароғати онҳо корбарии ҳамарӯзаро тақозо менамояд.
Татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз насли калонсол тақозо менамояд, ки ҳисси дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатӣ, ҳимояи марзу буми ватани азизамонро дар саргаҳи андешаҳои тафаккури миллии фарзандон қарор дода, бо ифодаи нақши зан ва модари босавод дар тарбияи насли худогоҳу хештаншинос масъулияти худро иҷро намоянд.
Ифротгароӣ ва терроризм хатари бузургест, ки метавонад ҳар ҷомеаю минтақа ва ҳатто, ҷомеаи устувортарин ва пешрафтаро вайрон намояд. Дар замони мо ҷомеаҳои мутамаддин ба хотири модерникунонии зиндагонии иҷтимоии аҳли башар дастхуши таҳаввули он шуда, арзиш ва назми босуботи ҷомеаҳо дар ҳоли тағйирёбии куллӣ аст. Барои муқобилияти мувафаққона бо терроризм ва экстремизм дар ҷомеа шинохт ва дарки моҳияти ҷинояткории ин падидаҳо зарур аст.
Анҷом додани амалҳои пешгирикунандаи ифротгароӣ ва террористӣ дар байни ҷавонон аз аҳамияти хосае бархурдор аст, зеро ин қишри ҷомеа бо далелҳои мухталифе аз назари ҳасосият дар баробари таъсирҳои манфӣ аз гурӯҳҳои мухталифи зидди иҷтимоӣ ва ҷиноятӣ яке аз осебпазиртарин қишрҳо мансуб мешавад.
Роҳбарони гурӯҳҳои экстремистӣ аз навъҳои мухталиф ҷавононро ба ташкилоти худ ҷалб мекунанд ва аксаран ба онҳо қавли роҳи ҳалли осони халосӣ барои ҳалли мушкилот медиҳанд. Ҷавонон ҳатто дар зеҳни худ ба ин воқеият фикр намекунанд, ки бо ширкат дар чунин фаъолиятҳо натанҳо мушкилоти мавҷудаи худро ҳал намекунанд, балки мушкилоти нави зиёдеро барои худ эҷод мекунанд, ки дар воқеъ ояндаи онҳоро нобуд месозад.
Пешгирии терроризм ва экстремизм дар байни ҷавонон татбиқи тадбирҳои мукаммали ташаккули фарҳанги ҳуқуқиро дар муҳити ҷавонон дар бар мегирад, ки ба тавсеаи назарраси ҷузъи ҳуқуқии тарбия ва таълим мусоидат мекунад.
Огоҳӣ аз ҳуқуқ ва озодиҳои худ ба насли ҷавон кӯмак мекунад, то эҳсоси эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодии дигарон, аз ҷумла, зиндагӣ, саломатӣ ва иззати онҳоро эҷод кунад. Зарур аст, ки дар мафкураи ҷавонон доимо ҷаҳонбинии таҳаммулпазир,муносибати таҳаммулпазирона нисбат ба ҳама одамон, сарфи назар аз миллат, дин, мазҳаб, вазъи иҷтимоӣ, моликият ва ҳолатҳои дигар ҷой дода шавад.
Хусусияти терроризм ё ин ки даҳшатафканӣ ва афзудани шумораи одамони ба ин гурӯҳҳои номатлуб шомилшуда, бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд.
Намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ, дар навбати аввал бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд ва донишҳои дунявӣ ва диниашон паст буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират, аз таҳсил дур мондан ва амсоли ин рӯ ба рӯ шудаанд.
Бо назардошти он ки тағйироти афкору рафтори афроди ҷалбшаванда, тадриҷан ноаён сурат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро пай баранд ва дар натиҷа фурсатеро, ки дахолат кардан ва дигар кардани ҳолат имкон дорад, аз даст медиҳанд.
Интернет тамоми ҷинояткорони олам, хусусан террористонро ба воситаи чат ва форумҳои мубоҳисавӣ аз қабили Facebook, ВКонтакте, Twitter, Youtube, Viber, WhatsApp, Imo, ОК (Одноклассники) ва ғайраҳо ба ҳам пайваст намуда, имконияти озодона муошират карданро муҳайё месозад. «Ташкилотҳои террористӣ интернетро ба сифати минбари ба худ хос барои тарғибу ташвиқоти ғояҳои худ ва ҷалби тарафдорони нав истифода мебаранд.
Дар партави сулҳ ва истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди радикализм, экстремизм, терроризмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.
Имрӯз Ҳукумати кишвар дар доираи амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагиро ба ҳар як шаҳрванди кишвар аз ҷумла ҷавонон кафолат додааст, ки яке аз сабабҳои паст гардидани ин падидаи хатарзо хоҳад буд.
Вале дар ин баробар тарғиби идеяҳои миллӣ, дарк ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ бояд дар меҳвари амали мафкураи миллии ҷавонони мо қарор дошта бошанд.
Зеро дар вазъияти ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, пурмасъул, бомуваффақият, ки манфиатҳои милливу давлатиро аз манфиатҳои фардӣ боло мегузорад, хеле муҳим аст.
Ҳамзамон, баланд бардоштани таъсири шуури иҷтимоии зиёиёни пешқадам, ки дар бедор кардани завқи ҷавонон ба хондани асарҳои бадеӣ заминаи фаъол буда метавонанд, омода кардани суханварони ҷавон, ки идеологияи миллиро дар шакли афкори ватанпарастӣ миёни ҷавонон тарғиб менамояд, ба мақсад мувофиқ аст.
Сулаймон РАҲИМЗОД,
судяи Суди шаҳри Хуҷанд