Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором Армида Салсия Алишаҳбанаро ба ҳузур пазируфтанд

11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбанаро ба ҳузур пазируфтанд.

“Тоҷикистон саҳми Созмони Милали Муттаҳид ва “Рӯзномаи 2030”-и онро дар ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва мушкилоти ҷаҳони муосир муҳим медонад” изҳор доштанд дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Аз сатҳи ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва ҳама ниҳодҳои он изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дастгирии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмон дар самти дастрасӣ ба нерӯи устувор, рушди кишоварзӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ зарур шумурда шуд.

Нақши Комиссия дар иҷрои Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 назаррас арзёбӣ гардид.

Дар ин зимн дар доираи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии ҳамлу нақли бисёрҷанба, рушди инфрасохтори он ва таъсиси марказҳои логистикии минтақавӣ амри муҳим дониста шуд.

Ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, низоми зеҳнии нақлиётӣ ва тағйирёбии иқлим аз мавзӯъҳои дигари мулоқот буданд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.

Add comment


Security code
Refresh