СУХАНПАРДОЗИҲОИ БУҲТОНОМЕЗИ М.САДРИДДИНИ БЕШАРАФ

Мо ҷавонони даврони соҳибистиҳлоли кишвар қаблан вобаста ба иғвоангезиву фитнаҷӯии бегонапараст, бахусус нисбат ба яке аз ҳаммаслакони паймони худсохтаи наҳзат – “Паймони милли..” Муҳаммадиқболи Садриддини бешараф андешаҳоямонро иброз дошта будем. Ин навбат оид ба суханпардозиҳои буҳтономези навбатии ин хоини бешараф андешаҳоямонро баён месозем. Бояд ёдовар шуд, ки М. Садриддин – хоини бегонапрасти бешараф бо ёрии хоҷагонаш дар кишварҳои Аврупо паноҳандагӣ ва лонаи истироҳат ёфта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ иғво ва фитнаандохтанро пеша намудааст. Масалан, дар давоми моҳи ноябр ва декабри равон, аз чумла санаҳои 10, 12, 14 ва 17 декабр афроди бешараф Муҳаммадиқболи Садриддин тавассути сомонаи “Ислоҳ нет” дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” дар якҷоягии думравонаш, аз ҷумла, Абдухалил Восеев, афроде бо номи Ҷамшед, Муҳаммадамин баромад намуданд. Зимни баромадҳои ифротиашон бо мақсади ба миёни мардуми кишвар шўру фитна ангехтан наворҳои сохтаи бардурӯғӯро нишон дода, бо ин васила вазъи кунунии кишвари соҳибистиқлоламонро ноором сохтан ният доранд. Аз баромадҳои бемантиқу беасоси хоинон ҳар як фард дарк менамояд, ки аз суханпардозиҳои буҳтономези хоинон танҳо тафриқаҷўӣ, хусумат, суханони зишт нисбати Ҳукумати Тоҷикистон мекунанд, ки ба ҷуз наҳсию касофат ва бадбахтию хушунат дигар коре аз дасташ намеояд!!!

Дар урфият мегўянд, ки хушдомани бад ҳеч баҳона наёбад, чаро думи саги хона каҷ гуфта бо арўси хонавода мағал мебардорад. Ҳол он ки каҷии думи саг табиӣ аст. Иддаои М. Садриддин ва думравонаш ҳам мисли ҳамин аст. Чизе барои баҳс наёфта пеш аз пода чанг мекунанд. Баробари ин, қайд менамоем, ки аз бешарафии М.Садриддин сухан намекунем, ки ба хонандаи закӣ он аён аст!

Умуман, рафтору гуфтори М. Садриддин даъвоҳои пучу беъманӣ ва бепояаш дар бораи масъулият, одобу аҳлоқ, дину диёнат ва дигар насиҳатомези иғовоанезонааш бори дигар ба мардум нишон медиҳад, ки миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистонро дар назди хоҷагони сармоядеҳу барномасозаш бадном кунад. Хулоса, пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ кори дастҷамъонаи мо аст. Бояд дар муассисаю ташкилотҳо ва оила мо чеҳраи манфури хоинони дасисабозро ба аҳли ҷомеа нишон диҳем ва бо ҳамин тарз қарзи хешро дар назди Ватани азизамон адо намоем! Моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Рафтору гуфтори иғовогаронаи навбатии М. Садриддин ва думравонашро пайваста ва доимо маҳкум мекунем. Дар фарҷоми андешаи хеш қайд менамем, ки воқеан, мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии ин гуруҳаки хиёнаткор бовар намекунанд ва муқобили ин гуна афрод мубориза мебаранд, ки нақшаҳои ифроткоронаи онҳо амалӣ нагардад.

А.ВАЛИЕВ,

ассистенти кафедраи

иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Add comment


Security code
Refresh