Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад...

Ҳамасола 21‐уми феврал мувофиқи қарори Сессияи 30 ‐ юми Конференсияи Генералии ЮНЕСКО шуруъ аз 17‐уми ноябри соли 1999 Рӯзи байналмилалии забони модариро таҷлил менамоем. Он бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон эълон гардидааст. Иқдоми неки ЮНЕСКО дар масъалаи қабули Рӯзи байналмилалии забони модарӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шудааст, зеро он даъвати давлатҳои олам ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳимояи ҳамаи забонҳост.

Ҳукумати мамлакат дар баробари рушду вусъат бахшидани доираи нуфузи забони давлатӣ, инкишофи забон ва фарҳанги ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон тадбирҳои муҳиму саривақтие андешидааст. Санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки дар бораи забон қабул шудаанд, ҳифзи забони давлатӣ ва дигар забонҳои ҳудуди кишварро таъмин менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакатест, ки дар баробари забони модарии худ – тоҷикӣ барои истифодаи забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳо низ тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам овардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханони меҳромезе дар сифати забони модарӣ иброз доштаанд, ки чунин аст: «Тоҷикон хушбахтанд, ки чунин забони бузург, дар ғановат камназир, шевою гӯшнавоз ва биҳиштӣ насибашон гардидааст». Дар ҳақиқат, забони модарӣ сарчашмаи ифтихори миллат ва пояи устувори давлатдорист.

Мо, тоҷикон ифтихорманд аз он ҳастем, ки ворисони арзандаи Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Бедил ва ҳазорон нафари дигар ҳастем, ки дар тӯли таърих бо ин забони ҷаззобу шево осори арзишманди адабӣ, бадеӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба мерос гузоштаанд. Таърихи забони миллии мо шоҳид аст, ки маҳз забон бо иқтидор ва тавонмандиҳои худ миллати тоҷикро дар арсаи муборизаҳои сиёсӣ, мафкуравӣ ва фарҳангӣ муқовиматпазир сохтааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки забони тоҷикӣ давраҳои мухталифи таърихиро паси сар карда, ҳанӯз дар аҳди Сомониён забони расмии давлатӣ эълон шуда буд.

Маҳз кӯшишу талош ва заҳмати фарзонафарзондони миллат буд, ки забони тоҷикӣ давра ба давра ташаккулу таҳаввул ёфт, қаламрави истифодааш аз Мовароуннаҳру Хуросон сарчашма гирифт, ба Қафқозу Осиёи Хурд, Ироқу нимҷазираи Ҳинд доман паҳн кард. Мусаллам аст, ки яке аз омилҳои асосии инкишофи ҳама гуна забонҳо ин адабиёт ва эҷодиёти шоирону нависандагон мебошад. Маҳз адабиёт омили асоситарин дар маснади баланди давлатӣ қарор гирифтани забони дарии тоҷикӣ ба шумор меравад. Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Муаттара Зикриёева чунин гуфта буд: «…Аз як тараф, агар адабиёти оламшумули тоҷикон аз забони ширину шево ва бою хушоҳанги тоҷикии форсӣ барои шуҳрати ҷаҳониаш қарздор бошад, аз ҷониби дигар забони модариамон дар назди адабиёте, ки бузургтарин фарзандони соҳибистеъдодаш ба вуҷуд оварда, бо асарҳои марғубтарин оламиёнро ба ҳайрат гузоштаасту сабаби ба маснади баланди давлатӣ поён нафаромадани он дар асрҳои миёна гардидааст, миннатпазир хоҳад буд».

Бешубҳа, адабиёт илми қомусӣ ба ҳисоб рафта, қариб, ки қонуну қоидаҳои тамоми илмҳоро фарогир аст. Устод Рӯдакию Ҳаким Фирдавсӣ, Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синою Ҳаким Саноӣ, Хоқонии Шервонию Низомии Ганҷавӣ, Носири Хисраву Умари Хайём, Шайх Аттору Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Хоҷа Камоли Хуҷандию Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Шайх Саъдию Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, Мирзо Абдулқодири Бедилу Аҳмади Дониш аз тамоми риштаҳои илми замони худ бохабар буда, уламои дараҷаи аввали аҳди худ ба шумор мерафтанд. Дар поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ ҳамчунин хизмати асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ басо арзишманд аст. Агар устод Рӯдакӣ, гӯё аз ҳеҷ ҳар чизро ба вуҷуд оварда бошад, пас, устод Айнӣ номи халқу миллати тоҷикро аз фаношавию гумномӣ нигоҳ дошт, забони адабии муосири тоҷикро ба вуҷуд овард, ба анъанаҳои суннатии адабиётамон навгонӣ вуруд сохт.

Аз манбаъҳои таърихӣ бармеояд, ки устод Садриддин Айнӣ дар баробари таълифи осори гаронқадри бадеиву илмӣ ва таърихӣ луғатдон ва луғатшиноси беҳамто ҳам будааст. Ӯ дар шинохти маъно ва тобишҳои гуногуни калимаву ибора ва таркибҳои классиконаи забони тоҷикӣ ба китобҳои луғат ва шарҳномаҳои адабиёти классикӣ муроҷиат намуда, баҳраҳо бардоштааст. Шогирди луғатшинос ва донишманди Садриддин Айнӣ Ҳасан Ирфон чунин менависад: «Дар соҳаи забоншиносӣ ва луғатшиносӣ, ба гумонам, дар ин сарзамин камтар касе ба домулло Айнӣ расида метавонист: ӯ худ як қомуси ҷондоре буд, ки дар баёни луғате ба нудрат оҷиз мемонд.

Решаи арабӣ ё тоҷикӣ ё туркӣ доштани ҳар луғатеро ӯ бехато мегуфт». Манбаи дигари забоншиносиро Садриддин Айнӣ дар забони зиндаи халқ медонист. Айнӣ дар маърӯзаҳояш, дар осори илмӣ суҳбат ва мактубҳояш таъкид кардааст, ки як манбаи асосии бой гардонидани забони имрӯзаи адабии тоҷик забони зинда аст. Вале барои омӯхтан ва истифода бурдан аз забони зинда бисёр эҳтиёткорона муносибат кардан лозим аст. Ба ибораи Айнӣ «омӯхтан ва истифода бурдани забони зиндаи халқ аз омӯхтан ва истифодаи забони адабиёти классикӣ мушкилтар ва мураккабтар аст».

Давоми беш аз сӣ соли Истиқлоли давлатӣ забони модариамон – тоҷикӣ ба андозае рушд кард, инкишоф ёфт. Қариб тамоми истилоҳоти илмӣ ба забони модарӣ мураттаб гардид, ки дастоварди муҳимтарин маҳсуб меёбад. Забони миллӣ асоси коргузорию дафтардории тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ гардид. Баъди ба даст омадани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996 барои татбиқи моддаҳои Қонуни забон Комиссияи татбиқи Қонуни забонро таъсис дод. Алҳол ин вазифаро Кумитаи забон ва истилоҳот бар уҳда дошта, фаъолияти хуб ба роҳ мондааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар олам мардум бо зиёда аз шаш ҳазор забон ҳарф мезананд, аммо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикиро аз муҳимтарин, зеботарин забонҳои олам шинохтаанд. Сиёсати давлат дар боби забони тоҷикӣ низ маҳз дар давраи сарварии Пешвои миллат комилан сурат гирифт. Он кас аз ибтидои фаъолияти роҳбарӣ ба давлат тарафдори Қонуни забон будани хеш ва татбиқи онро қатъиян эълон намуда, ба иҷрои ин вазифаи муҳим собитқадамона роҳбарӣ менамоянд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дубора барқарор кардани асолати забони тоҷикӣ иқдомҳои хеле наҷиб пеш гирифтаанд. Ба шарофати он кас забони тоҷикӣ аз баландтарин минбарҳои олам садо дод ва ба ҷаҳониён аз ҳастии меросбарони фарҳанг ва тамаддуни бузурги қадимӣ‐тоҷикон мужда расонд. Таҳкими вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ дубора дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» амалӣ гардид, доираи корбурд ва мақому манзалати забони тоҷикӣ боло рафт.

ПРЕЗИДЕНТИ мамлакат ҳанӯз дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забонро ба ойинае шабеҳ додаанд, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расида, дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Имрӯз суханони пурмуҳтавои «Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои хастиамон ҳифз намоем»‐ро ҳар фарди баору номуси кишвар сармашқи кори худ қарор диҳем. Сиёсати имрӯза моро ҳушдор месозад, ки мо, ба насли наврас ҳанӯз аз овони хурдӣ барои омӯзонидани забонҳои хориҷӣ шароит фароҳам оварем, аммо ҳарчанд омӯзиши забонҳо барои насли наврас ва ҷавон як навъ роҳи васеъ кушодан ба технологияи нави ҷаҳонӣ мебошад, аз тарафи дигар ҳавфи таъсироти манфиро низ дорад. Дар муассисаҳои таҳсилотӣ омӯзонидани забони давлатӣ ба дараҷаи баланд боиси он мегардад, ки толибилмону донишҷӯёни мо вазифаи басо душвор, вале шарафманд – талқини якпорчагии кишвар, ваҳдати миллӣ, ташвиқу тарғиби ҳамзистии осоиштаи сокинони гуногунзабони мамлакат, баҳамоии шаҳрвандони гуногунмазҳабу гуногуноинро ба ҷо оварда, дар як вақт баробари забонҳои русию англисӣ дар муоширати байни миллатҳо ва халқҳо хизмати шоистаро анҷом медиҳанд.

Кӯшиши мо дар замони ҷаҳонишавӣ ин пеш аз ҳама, ҳифзи забони модарӣ ва таҳким бахшидани рукнҳои пойдории миллат тавассути забон аст. Барои он ки мо, тоҷикон ба корвони фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамсафар бошем, забони модарии худро ба дараҷаи як забони шево тақвият бахшем ва ба қавли устод Айнӣ «барои васеъ кардани забони илмӣ ва адабии тоҷик беҳтар аст, ки ба адабиёти классикӣ ва хазинаи забони зиндаи тоҷикӣ роҳ ёбем».

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh