БА ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТИВУ ИХТИЛОФАНГЕЗ НАБОЯД ФАЗОИ МУСОИД ФАРОҲАМ ОВАРД!
- Details
- Published on Thursday, 15 February 2024 18:17
Дар марҳилаи ҳозира гурӯҳҳое арзи вуҷуд доранд, ки бо ҳар роҳ ҷавононро ба худ ҷалб карда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гўё дин»-и онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаашон гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «фидокорӣ», «қаҳрамонӣ» меноманд, равона месозанд. Чунончи таи солҳои охир, бахусус роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ мехоҳанд бо ин роҳ нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд ва ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд.
Аз тоифаи чунин хиёнатпешагон яке аз узви фаъоли ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин ва думравонаш, аз ҷумла Салим Султонзода, Тағоев Муҳаммад, Абдухалил Восезода, афроде бо номи Ҷамшеду Раҳматулло ба ҳисоб мераванд, ки агар рўзе нисбати кишвари соҳибистиқлоламон туҳмату буҳтон наяфкананд худро ором намегиранд. Ин бефарҳангон баҳри як луқмаи ночизи хоҷагони хориҷии худ нисбати миллату давлат хиёнат мекунанд. Хоинони зикргардида миллат ба ғайр аз туҳмату ғайбат дигар коре надоранд.
Умуман ҳаммаслакону думравони ТТЭ ҲНИ аз ибтидои фаъолияташон ба пешрафту тараққиёти кишвари мо, сулҳу суботи пойдор назари нек надоштанд ва имрӯз низ пеш аз ҳама барои манфиати шахсӣ мақсад доранд, ки вазъияти кишварро тағйир диҳанд. Мақсади дигари ғайбатчиёни ифротӣ дарёфти пулу сарватҳои муфт мебошад. Воқеан, вакт довар аст, ки ҳақикати таърих дар руи об аст, ки пайравону аъзоёни ТТЭ ҲНИ, зери роҳбарии Кабирӣ, кистанд ва чӣ ният доранд.
Хулоса, мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии М.Садриддин ва думравонаш, ки санаи 12 декабри соли равон тариқи сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ.нет”дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромад намуданд комилан бовар намекунан ва онро шадидан маҳкум мекунанд. Баробари ин, набояд фаромӯш кард, ки натиҷаҳои нохалафиву ватанфурўшии аъзоёну думравони ТТЭ ҲНИ бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои фаъолияти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани ифротгароӣ, умуман нисбати бадхоҳони миллат, бахусус паймони худсохтаи наҳзат, имруз бо номи “Паймони милли..”дар кишвари Аврупо фаъолияти муғризона дорад муборизаи беамон мебарем!
Ф. ҚУРБОНОВ, мудири бахши
кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ