ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

Имрӯз терроризм ва экстремизм, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мебошанд, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу гаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.

Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ  зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯза мебошад.

Имрӯз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад. Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кившари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизионҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, инчунин таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва ва ба сафҳои худ ҷалб намоянд. Ин афрод ба хотири пули ночиз ба Тоҷикистони азиз хиёнат мекунанд.

Имрӯз мо бояд таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки ҷавонон барои бекориву зоеъ рафтани вакти холӣ фурсат наёбанд. Бештар ба забономӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд.

Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, кӯшиш ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки вазифаи мо ҳифзу химояи Ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист. Қувваю иродаи ҷавонони кишвар қавӣ буда, онон ояндасози кишваранд  ва мебояд ки насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз пайи омӯзишу таҳқиқ бошанд.

Дар замири ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунари муосир, ҷиддаяту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро ташаккул бояд диҳем.

А.А.ҶАББОРОВ,
декани факултети инноватсия ва телекоммуниктсияи
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh