ЧАШМОНИ РАҲБАРИЯТУ ПАЙРАВОНИ ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТРО ПАРДАИ ҒАРАЗ КЎР КАРДААСТ…!

Мо имрӯз ҳам шоҳиди чунин равандҳо ҳастем, бархе созмону гуруҳҳои ифротӣ, ба мисоли паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони миллӣ” зери ниқоби ислом амал намуда, кӯшиш мекунад дар асоси ғояҳои ифротӣ низоми ҳуқуқии мавҷударо бо роҳи тадриҷан заҳролуд кардани зеҳни ҷавонон ба эътидол оранд ва тазоҳуроти оммавии зиддиҳукуматро ташкил кунанд, гарчанде бар хилофи дини мубини Ислом аст.

Раҳбарияту ҳаммаслакони  созмони мазкур, алалхусус Муҳаммадиқболи Садриддин тибқи супориши хоҷагонаш дар давоми моҳҳои октябру ноябр ва ҳафтаи аввали декабри соли равон бо ҷалби пайравонаш тариқи сомонаи “Ислоҳ. нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромадҳо намуда, бо суханҳои беасос ва подарҳовои, мехоҳад ба ҳаёти осоиштаву муназзами кишвар таъсири мунофиқонаи худро расонад. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки воқеан мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ношукрӣ ва хоинии роҳбаряту ҳаммаслакони имруза паймони худсохтаи наҳзат хуб огоҳ ҳастанд ва ҳаргиз ба суханҳои ифротии ин тудаи хиёнаткорони  шайтони одамсиришт бовар нахоҳанд кард.

Вале, боиси шармандагист, ки М.Садриддин ва думравонаш, аз ҷумла, Абухалил Восеев, Салим Султонзода, Муҳаммад Тағоев ва афроде бо номи Ҷамшед имрўз дар хориҷи кишвар қарор дошта, нисбати Тоҷикистони азиз, ки бо нону намак ва обу ҳавои ин диёр ба воя расидаанд, нисбат ба миллату давлат суханҳои бардурӯғ ва сиёҳкунанда мезананд. Боробари ин, бояд қайд кард, ки Ҷамшеди ақлбохта, санаи 3 декабри соли равон, дар барномаи “Минбари муҳоҷир”, ба М.Садридидин таассубу тақлид намуда, чун ровӣ баромад намуд ва либосҳои ба миллат хос набударо ба бар намудааст. Ҳар фарди солимақл баъд аз дидани наворҳо, ба худ хулосаи зарурӣ мебарорад! Натанҳо оид ба масоли либоспӯшӣ, инчунин аз рафтору гуфтор ва чашмони онҳо пай мебарад, ки онҳо аз дастовардҳои беназири кишвар ба таҳлука афтодаанд ва ба бемории руҳи гирифторанд.

Ватангадоёни зикршуда аз пушти ким кадом хоҷагони хориҷӣ истода, ба самти Тоҷикистон санг мепартоянд, ки ин хиёнат аст! Умуман рафтору кирдор ва гуфтори паймони худсохтаи наҳзат аз бадбинӣ ва нафрату хиёнат иборат аст. Хулоса, таблиғотгароии ин гуруҳи хоинон, бахусус М.Садриддин ва думравонаш собит менамоянд, ки чашмони онҳоро пардаи ғараз кўр карда, дигар ҳеҷ қадами некро дида наметавонанд. М.Садриддин дар бештари баромадҳои худ бо эҳсос оид ба мафҳумҳои «ҷудоиандозӣ» ва «ноҷавонмардӣ» ва нисбати шаҳрвандони одии кишвар суханҳои қабеҳ мегӯяд. Вале, мо намефаҳмем, ки ин таъкидҳо бо кадом ченакҳо ҳисоб карда шудаанд?! Оё истифодаи вожаи муқаддаси «Ислом» ва бо ин васила фишор овардан ба ирода ва беихтиёр чалб кардани ашхоси мусулмон ба ҷонибдории паймони худсохтаи наҳзат ин ҷудоиандозӣ ва ноҷавонмардӣ нест? Хуб медонем, ки чунин ҳизбҳои мухолиф танҳо зери танқид гирифтани ҳукукматро доранду халос!

Натиҷаҳои нохалафиву ватанфурўшии ин гурӯҳи хоинон бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангези хиёнаткор набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд ҳушёру зирак бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани бадӣ ва ҳар чӣ бар зарари халқу миллати мост, бикӯшем.

Баробари ин мо ҷавонони тоҷик бояд кӯшиш намоем, ки кишвари ободгаштаистодаи худро боз ҳам ободтар намоему баҳри пешрафти ҳамаҷонибаи кишварамон ҷидду ҷаҳд созем. Ин аст, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси ватандӯсту меҳанпарварӣ равшандил!

 Ф. Қурбонов,

мудири шуъбаи кор бо

ҷавонони ДИС ДДТТ

Add comment


Security code
Refresh