ТАНГНАЗАРОН БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

Мувофиқ ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 5-уми сентябр дар минтақаи Кеврони ноҳияи Дарвоз 3 нафар террористон, ки бо мақсади анҷоми амалҳои террористӣ ғайриқонунӣ ба қаламрави кишвар ворид шуда буданд, безарар гардонида шуданд. Аз теъдоди зиёди яроқу аслиҳа ва муҳимоти ҷангие, ки дар ҷои ҳодиса дарёфт карда шуд, хулоса кардан мумкин аст, ки ин гурӯҳи террористиро нерӯҳои муайяни хориҷӣ, душманони тинҷиву оромии Тоҷикистон бо силоҳу муҳиммот, маводи тарканда таъмин ва ҳамчунон маблағгузорӣ мекунанд.

Ҳодисаи мазкур бори дигар собит намуд, ки нигарониҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба хатарҳои аз қаламрави ҳамсоякишварамон Афғонистон таҳдиддошта беасос нестанд ва ҳамаи моро ҳушдор медиҳад, ки ягон лаҳза ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба таври доимӣ дар доираи имкону тавон аз фазои орому осудаи Ватан дифоъ кунем.

Албатта, дар ин нукта нахуст бояд ба кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, афсарону аскарони Қӯшунҳои сарҳадӣ, Вазорати мудофиаи кишвар ва дигар сохторҳои қудратӣ арзи сипосу шукргузорӣ намоем, ки шабу рӯз дар ҷабҳаи дифоъ аз ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар ҷонбозиҳо мекунанд.

Аммо бояд тазаккур дод, ки дар шароити имрӯза таъмини амнияти давлату миллат танҳо дар хатти сарҳади давлатӣ маҳдуд намешавад. Зеро кунун ғолибан душманони Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ақли ҷавонони ноогоҳу камсаводро медузданд ва ба кирдорҳои ҷиноятиву хиёнаткорона водор мекунанд.

Чунонки маълум гардид, ин се нафари дар ноҳияи наздимарзӣ безараргардонидашуда на шаҳрвандони кишвари дигаре, балки ҳамватани мо, зода ва парвардаи ҳамин обу хок буданд, ки то дирӯз байни мо зиндагӣ доштанд. Аммо маҳз дар пайи бетарафию бехабарии мо атрофиён онҳо таҳти таъсири нерӯҳои ҷинояткори ифротӣ афтода, нахуст ба қатли мардуми кишварҳои дигар ва имрӯз бо яроқу аслиҳа бо мақсади куштор ба сари мо омада, ба ин бадбахтӣ гирифтор шуданд.

Ин фоҷеа тақозои онро дорад, ки агар хоҳем, ки давлати мо мисли кишварҳои пешрафта рушд намояду фарзандонамон саодатёр бошанд, мавқеи бетарафиро тарк намуда, қаламрави орияту номус, дӯстдории Ватану масъулият ба тақдири насли ояндаи ҷамъиятро ихтиёр намоем. Саривақт наврасону ҷавононро, сарфи назар аз он, ки фарзанди мост ё ҳамсоя, ё худ аз маҳалла ва деҳаи дигар аз пой ниҳодан ба роҳи нодуруст боздорем.

Бояд ба хубӣ дарк кунем, ки паси ин гурӯҳакҳои террористиву экстемистӣ, ки дар асл дар бунёди худ ба давлату миллат нафъе надоранд, нерӯҳои ғаразноки сармоядор ва қудратҳои азими ҷаҳонӣ меистанд ва онҳо тавассути фарзандони ноогоҳи мо вазъи сиёсиву ҷамъиятиро дар кишвар муташанниҷ сохта, мехоҳанд мақсадҳои нопоки худро дар Тоҷикистон ва минтақа амалӣ гардонанд.

Вақте ки ҷиҳати таъмини амнияти давлату миллат сарҳадбонони тоҷик шабу рӯз ҷонбозиҳо мекунанду намегузоранд, ки нақши пои террористон ҳатто ваҷабе аз хоки поки Ватанро олуда созад, ҳар яки мо, онҳое, ки паси бозувони нерӯманди марзбонони ҷасур зиндагии орому осуда мебарем, вазифадор ҳастем, ки фазои иттилоотии Ватанро аз садои фитнаву иғвои хоинон дифоъ намоем ва нагузорем, ки дигарбора ҷавонон фирефтаи ифротиҳо шуда, бо силоҳ ватани мо оянд.

Бале, фазои иттилоотӣ ҳам марзи давлатист ва ҳар шахси дӯстдори падару модар, зану фарзанд, деҳаву шаҳр ва Ватан бояд масъулияти посбонии худро эҳсос ва рисолати меҳандориашро дар ин ҷода иҷро намояд!

Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ,

узви ИЖТ

Add comment


Security code
Refresh