АМАЛҲОИ МОҶАРОҶӮЁНАИ ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТ АЁН АСТ!

Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки майли сокинони сайёра ба гурўҳҳои ифротӣ, масъалаи доғ маҳсуб мешавад ва дар маркази диққати аҳли ҷомеа қарор дорад. Аслан заҳролудсозии тафаккури созандаи мардум аз ҷониби тарғиботчиёни хориҷӣ муддати тӯлони давом ёфта, тавассути маблағгузории зиёд амалӣ мешавад.

Масалан дар иртибот ба ин, мисол меорем, ки имрӯзҳо паймони худсохтаи наҳзат бо номи “Паймони миллӣ” ва думравонаш бевосита бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, барои амалӣ намудани аҳдофи худ бештар аз иттилоот ва расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла, тавассути сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет” дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромадҳо менамоянд. Ин бадхоҳони миллат, аз ҷумла, Муҳаммдиқболи Садриддин бо ҷалби ҳаммаслаку думравонаш зимни ҷустуҷӯи сарчашмаи моҷаро як ҳодисаи тасодуфиро гирифта, дар барномаҳои ифротиашон «аз пашша фил месозанд».

Чунончи дар баромадҳои ифротии навбатиаш Муҳаммадиқболи Садриддин ва пайравонаш Тағоев Муҳамдад, Абдухалил Восеев ва ашхос бо номи Раҳматулло санаҳои 19 ва 22 ноябри соли равон, дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” дар атрофи масоили амният, офатҳои табиӣ, ва сафари кории Сарвари кишвар дар Федератсияи Россия ҳар гуна ҳиллаҳо бофта, мардумро бе асоси воқеӣ ба иғво андохтан кӯшиш намуданд. Хулоса, амалҳои моҷароҷӯёнаи паймони худсохтаи наҳзат аён аст!

Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд, зеро оид ба давлату давлатдорӣ мардуми мо назари худро доранд. Имрӯз ҳар кадоме аз шаҳрвандони боору номуси кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафарони хиёнаткору бадрафторон ва кӯрнамаконро шадидан маҳкум менамоянд.

Имрӯз, ки мамлакат бо баракати сулҳу Ваҳдати миллӣ ба марҳалаи созандагию бунёдкорӣ ворид шуда, рушд мекунад. Маҳз ба шарофати истиқрори сулҳу субот дар ҷомеа мо тавонистем ба рушди бемайлони иҷтимоиву иқтисодӣ, коҳиш додани нишондиҳандаҳои камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ноил гардем. Рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварамон, бахусус, таҷлили ҷашнҳои таърихӣ, аз ҷумла, ҷашни бошукуҳи Истиқлол, Ваҳдати миллӣ шаҳодати он аст, ки мардуми Тоҷикистон дар роҳи интихобкардаи худ устуворона қадам гузошта, ба қадри сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ расидааст ва дар ин роҳ ба бадхоҳони миллат ҷой нест!

Р. АНВАРӢ,

ассистенти кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ

Add comment


Security code
Refresh