Ба Ватан содиқ бошем

Хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони худогоҳу ватандӯст ба ҳисоб рафта, аз ҷавонон талаб карда мешавад, ки баҳри якпорчагии ин сарзамин камари ҳиммат баста, содиқона хизмат намоянд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Пешвои муаззами  миллат шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбии қаламрави кишвар беҳтару хубтар гардида, тамоми шароитҳои мусоид баҳри хизмати содиқона ба Ватан фароҳам оварда шудааст. Сарвари давлат зимни ҳар як суханрониҳои худ пайваста аз ҷавонон даъват ба амал меоранд, ки ватани азизамонро сидқан дӯст доранд, ба рукнҳои давлатӣ ва арзишҳои миллӣ арҷ гузошта, баҳри якпорчагии ин кишвари ободу осуда ҳиссагузор бошанд. Аз ин лиҳоз, ҷавонон бояд баҳри ҳифз ва ҳимояи ҳар як ваҷаб хоки ин сарзамин ва баҳри таъмини амнияти мардуми кишвар дар фазои ободу осуда камари ҳиммат баста, ба Ватан содиқона хизмат намоянд.

Имрӯзҳо дар қаламрави кишвар маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар идома дорад. Дар шаҳри бостонии Панҷакент ҷавонони худогоҳу ватандӯст бо амри виҷдон ихтиёран ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир ва баъди муоинаи тиббӣ ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ пайваста, сарбаландона хизмат менамоянд. Ин ҷавонон худро зодагони даврони истиқлол ном бурда, мефахранд, ки дар чунин давлати ободу осуда зиндагӣ ва кору фаъолият менамоянд. Ҳар як сухани Сарвари давлатро барои худ шиор намуда, саъю талош меварзанд, ки дар рушду нумӯи ин сарзамини биҳиштосо саҳми босазои худро гузоранд.

Тибқи нишондоди комиссияи даъват дар шаҳри Панҷакент, нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба 87, 3 фоизро ташкил медиҳад.

Алҳол 25 нафар даъватшаванда даъватномаи ҳарбӣ гирифта, рӯзҳои наздик баъди муоинаи тиббӣ ба қисмҳои ҳарбӣ фиристода мешаванд. Қобили зикр аст, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо техникаи муосири ҳарбӣ ва биною иншооти ба талабот ҷавобгӯ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Воқеан, Артиши миллӣ як навъ мактаби мардонагиву шуҷоат, обутобёбии насли ҷавон ва роҳнамоӣ ба ҳаёти минбаъдаи онҳо ба ҳисоб меравад.

Ҷавонони бонангу номуси кишвар бояд хизматро дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мояи ифтихори хеш дониста, пайваста дар фикри ободу зебо гардонидани Ватан бошанд, баҳри пойдории сулҳу суботи ҳамешагӣ дар ҷомеа саҳми босазои худро гузоранд ва баҳри хизмати софдилонаву содиқона ба Ватан-Модар камари ҳимммат банданд.

Ардашер СУЛТОН,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh