ВАО ҳамчун воситаи муассири мубориза бо коррупсия

“Фаромўш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, садди роҳи инкишофи тамоми соҳаҳо гаштааст ва дар тамоми самтҳои гуногуни ҷомеа ҳамчун фаъолияти ҷинояткорона дониста мешавад.

Коррупсия чист? Сомонаи “Вожаҷӯ” ба ду маънӣ шарҳ додааст: 1­ - фасод, табоҳӣ, вайронӣ, бетартибӣ, зишткорӣ, бадахлоқӣ.  2­. ришвагирӣ,  ришвахӯрӣ, порагирӣ, порахурӣ, ришваситонӣ. Мафҳуми “Коррупсия” дар Конгресси 9-уми Созмони Милали Муттаҳид бо маънои  сӯистеъмол аз ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ пешниҳод шудаааст.

Дар ҷаҳони мутамаддини имрӯза коррупсия дар баробари терроризму экстремизм, буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва ғайра ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтаст. Тамоми давлатҳои дунё бо ин ё он восита кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи ин зуҳуротро гиранд. Дар ин росто фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат зидди он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилоти байналмилалӣ, махсусан бонуфузтарини онҳо – Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф шудааст.

   Ҳамин буд, ки 31-уми октябри соли 2003 «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» қабул карда шуд, ки дар он принсипҳои асосии мубориза бо коррупсия, номгӯи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбинӣ шудаанд. Ҳамчунин, санаи 9-уми декабри ҳамон сол дар шаҳри Меридаи Мексика дар конфронси сиёсии сатҳи олӣ маросими баимзорасонии ин санади муҳим баргузор гардид. Зимни ин ҳамоиш бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия 9-уми декабр ҳамчун «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» дар тамоми ҷаҳон эълон карда шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди соҳибистиқлол шудан бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Барои пурзӯр гардонидани муқовимат зидди коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки масъалаи мазкур мавриди таваҷҷуҳи бештари ҳукумат қарор дорад.

 Мубориза бар муқобили ин зуҳуроти манфӣ бо воситаҳои гуногун анҷом дода мешавад. Яке аз воситае, ки маъмултарин ҳисобида мешавад, васоити ахбори омма (ВАО) мебошад, ки тариқи нашрияҳои чопӣ, телевизион ва барномаҳои радиою шабакаи умумиҷаҳонии Интернет расонаӣ менамоянд.

Дар шароити имрўза шаффофият яке аз принсипҳои муҳими амал ва фаъолияти самараноки низоми идорӣ шинохта шудааст. Дар ин росто созмонҳои махсусе мавҷуд ҳастанд, ки ҳадафашон мусоидат ба шаффофият мебошад. Дар масъалаи мубориза бар муқобили коррупсия намунаи ин гуна созмонҳо метавонад, Созмони байналмилалии шаффофият (Transparency International) бошад, ки ҳамчун созмони меҳварии баҳогузоранда ба ҳолати коррупсия дар кулли кишварҳои ҷаҳон шинохта шудааст. Ин созмон  ҳар сол раддабандии индекси коррупсия (Corruption Perception Index – CPI)- ро таҳия мекунад. Соли 2022 Тоҷикистон миёни 180 кишвар бо гирифтани 24 балл дар ҷои 150 қарор дошт.

Бо мақсади пешгирии чунин амалҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба мақомоти марбута бори дигар гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро таъкид дошта, зарур шумориданд, ки пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шаванд. Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 1 - уми августи соли 2023 пардохти ҳамаи хизматрасониҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ сурат гирифта истодааст, ки ин муомилоти молиявиро шаффоф гардонда, дар мубориза бо иқтисодиёти пинҳонӣ мусоидат менамояд.

Ҳоло интернет майдони фарохеро мегузорад, ки ҳар як корбар имкон дорад, ақидаи худро баён созад ва аз ин ё он камбудиҳои ҷомеа ҳарф занад. Пешрафтҳои назаррасро дар истифодаи технологияҳои рақамӣ ва васоити ахбори иҷтимоӣ дидан мумкин аст, ки тавоноии ВАО дар мубориза бо коррупсияро хеле васеъ карданд.

Пешниҳод менамудам, то вебсомонаи расмии мақомоти давлатӣ таъсис дода шавад, ки мавзӯи мубориза бо коррупсия мавҷуд бошад, зеро платформаҳои виртуалӣ як воситаи тавонои сафарбар кардани афкори ҷомеа ва тавлиди дастгирии васеи иҷтимоӣ барои ташаббусҳои зиддикоррупсионӣ мебошад. Бигзор ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолон ва рӯзноманигорон мақомотро дар бораи фактҳои фаъолияти коррупсионӣ огоҳ намоянд. Шаҳрвадони оддие, ки ба ҳолати коррупсия дучор шудаанду аз ошкор шудани номашон ҳарос доранд, имконият пайдо кунанд, то ба таври махфӣ аз шахсони фасодзада хабар диҳанд. Мақомот бояд амнияти шахсоне, ки ҳолатҳои  коррупсионериро ошкор менамоянд, таъмин намоянд, то онҳо боварӣ ҳосил кунанд, ки шахсияташон пинҳон нигоҳ дошта мешавад. Яъне дар платформаи мазкур озодии сухан таъмин гардад ва шаҳрвандони бештарро ба иқдомҳои зиддикоррупсионӣ ҷалб намояд. Ин васила эътимоди мардумро нисбати низоми идории кишвар дучанд мегардонад.

Мо тавассути рушд ва дастгирии ВАО заминаеро барои наслҳои оянда ҷомеаи обод ва адолатпарвар мегузорем. Вале барои пурра истифода бурдани имконоти худ кормандони ВАО ба дастгирӣ ва ҳамкории давлат, ҷомеа ва созмонҳои байналмилалӣ ниёз доранд. Зарур аст, ки қонунгузорӣ, сохторҳои муассири ҳифзи ҳуқуқ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият дода шавад.  Танҳо бо ҳамкории муштарак мо метавонем, бо коррупсия мубориза барем ва барои ҷомеаи одилона ва шаффофтар талош кунем!

 Маҳноза Тӯхтаева,

докторанти PhD,

МДТ «ДДХ ба номи академик

Бобоҷон Ғафуров»

Add comment


Security code
Refresh