ЗИҲӢ, ЭЙ МАРДИ ОҚИЛУ ХИРАДМАНД

Қаҳрамониву корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамагон медонанду эътироф менамоянд ва имрӯз ин марди хирадмандро ҳамчун наҷотбахши миллати тоҷик мешуморанд.

Зеро ин шахс дар вазъияте ба сари қудрат омаданд, ки давлат дар ҳақиқат, барои наҷоти мардум ва кишвар талош дошт. Агар мо боре ба суханони Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Иҷлосияи шонздаҳум эътибор диҳем, дарк хоҳем намуд, ки чӣ қадар он ҳарфҳо бо самимияту ҳисси баланди ватандӯстиву башардӯстӣ ба забон оварда шудаанд. Бале, вобаста ба ваъдае, ки барои халқи тоҷик дода буданд, онро бештар ба иҷро расониданд, мардумро сарҷамъ намуданд, зиндагонии онҳоро файзу нусрат бахшида, ваҳдату ягонагии халқи азизамонро эҳё карданд.

Мусаллам аст, ки аз азал барои рушду нумӯи ҳар халқу миллат саҳми фарзандони барӯманду ватандӯстдор нақши бориз доштанд. Эмомалӣ Раҳмон низ барои дар сатҳи ҷаҳонӣ номдору ҷовидон гардидани Тоҷикистон ҳамеша саъю талош меварзанд. То ҳанӯзам сабти видеоии баргузории Иҷлосияро мебинаму ба ҷасорату матонати Сарвари давлат аҳсант хонда, кӯшиш мекунам, ки шогирдонамро дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ тарбия намоям. Ҳамеша хоҳони онам, ки Тоҷикистон мисли имрӯз чун офтоби дурахшон муҷалло гардаду халқи гиромиқадрам бо ҳидоятҳои Сарвари оқилу хирадманд ҳамвора ба пеш ҳаракат намояд.

Бояд иброз дошт, ки мардуми Тоҷикистонро дар тамоми олам маҳз Пешвои миллат тоҷ бар сар намуданд. Мо саодати вориси арзандаи Исмоили Сомонӣ будани хешро бо хиради Сарвари давлат дарк намудем.

Гуфтаниам: Эй сарвари фархундамиллат, таманно дорам, ки ҳамеша умрат ҷовидону пойдор бод. Мо бо номи ту, бо қаҳрамониҳоят, бо матонату ҷасоратат ва сиёсати хирадмандонаат ифтихор дорем.

Шукрона мекунем, ки дастгиру мададгори тамоми тоҷику тоҷикистониён ҳастӣ. Зиҳӣ, бар бахту иқболи мардуми сарбаланди тоҷик, садсолаву ҳазорсолаҳо бизӣ, зеро ту боиси ҳаёти хурраму зиндагии дилшоди мардумон ҳастӣ.

Фирӯза Ёқубова,

омӯзгори синфҳои

ибтидоии МТМУ № 4,

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Add comment


Security code
Refresh