ТАҚЛИДКОРИИ МАНҚУРТОНИ РОМШУДАИ ХОҶАГОНИ ҒАРБӢ

Мусаллам аст, ки имрӯз, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон мавқеи худро ёфта, ҳамчун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, пеш рафта истодааст ва ин барои бархе қувваҳои дохилию берунӣ писанд нест ва онҳо мехоҳанд, ки ҷомеаи мо ноором бошад, аз ин лиҳоз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегонаро дастгирӣ менамоянд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо, мисол меорем, ки  дар кишварҳои Аврупо, тӯдаи хоинони миллат, аз ҷумла роҳбарияту ҳаммаслакони худсохти наҳзатӣ бо номи  “Паймони миллӣ”  ва думраваш “Гурўҳи 24” тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиби ғаразҳои сиёсии манфиатҳои худ ва хоҷагони ғарбиашонро ба роҳ мондаанд. Ин хоинони миллат бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону виҷдонашро ба боди фано супурда, дар пайи иҷрои супориши хоҷагони худ ва ҳар сақави дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, сухан мегўянд.

Имруз бошад манқуртони тақлидкор чун хоҷагони ғарбиашон ҳамоиши эътирозӣ доир намуданд. Амали навбатии таҳрибкоронаи роҳбарияту ҳаммаслакони “Паймони миллӣ” ва “Гурӯҳи 24”, тасдиқи ин гуфтаҳост, ки ҳаводиси санаҳои 28 -30 сентябри соли равон дар ҳудуди сафоратхонаи Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон, воқеъ дар шаҳри Берлин ба муносибати сафари Сарвари кишварамон ба Олмон барои озод намудани маҳбусони сиёсӣ намоиши эътирозӣ баргузор намуданд. Баробари ин, дар яке каҳвахонаҳои маркази шаҳри Берлин бо намояндаи корманди давлатӣ бо баҳонаи ночизе, даст ба гиребон зада, ӯро лату кӯб карданд.

Ин амал умуман ба миллати мо хос нест. Бояд ёдовар шуд, ки расму оин ва фарҳанги миллӣ моро ҳидоят мекунанд, ки дар ҳар ҷо, хоҳ дар хона, хоҳ дар дар кӯча, хоҳ дар сафар ҳамеша чун инсони комил аз рӯйи одаму одамгарӣ, одоби муошират рафтору амал намоем. Тибқи суннатҳои миллӣ бояд чунин рафтор кунанд, ки ба атрофиён хушнудиву хурсандӣ биёрад. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик аз қадим миллати соҳибтамаддун ва бофарҳанг буда, бо таърихи бою гузаштаи пурғановати хеш миёни халқиятҳо маъруф гаштааст. Мо бояд маданияти қадима ва бою рангини Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоем.

Вале, тақлидкори манқуртони ромшудаи хоҷагони ғарбӣ бошанд, баръакси ҳол гайбату туҳмат, сангпартоӣ мекунанд, ки ин амалро аз хоҷагонашон омӯхтаанд. Хулоса, имрӯз мардуми тоҷик огоҳ ҳастанд, ки мақуртони ромшуда, умуман раҳбарияту ҳаммаслакони “Паймони миллӣ”, думраваш “Гурӯҳи 24” барои худро бегуноҳ нишон додан дар назди мардум даст ба чунин зиштиву иғвоандозиву тӯҳмату тавҳин мезананд. Ин нафарон амалкарди фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва гурӯҳҳои амниятиро, ки ба хотири боз ҳам таъмини босуботи аҳолӣ ва нигоҳ доштани тартиботи дохилии кишвар чораҳои зарурӣ андешида истодаанд, зиддӣ мардум маънидод мекунанд, ки амали онҳо баёнгари хиёнаткории онҳо ба Ватан бо амри хоҷагони зархариди хориҷиашон аст.

 Хулосаи матлаб ин ки ба мо ҳамагон лозим аст, кушиш ба харҷ диҳем, фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа билхусус ҷавононамон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кур-курона дунболи гурўҳҳои ифротӣ нараванд. Вазъияти фазои динии ватанамон ба ҳамагон маълум, ки давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама мусулмон буда, ба муқаддасоти динӣ ва дастуроти шариати Ислом эҳтиром мегузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: «….бисёр мехостам, ки падарону модарон, муаллимону мураббиён, зиёиёну эҷодкорони мо насли ҷавонро дар рӯҳияи ростию покӣ ва адолату ватанпарастӣ ва худогоҳии таърихӣ ба истифода аз меъроси маънавию ахлоқии миллатамон ва гузаштагони ориёниамон тарбият намоянд».

Ин гуфтаҳо мо омӯзгоронро водор кард, ки дар ҷараёни таълим, машғулиятҳои иловагию ҷойҳои ҷамъиятӣ шогирдонро дар зимни ин гуфтаҳои Сарвари давлатамон тарбия намоем, зеро як лаҳзаи бетарафӣ оқибатҳои нохуш ва нобахшиданӣ эҷод мекунад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки шомилшавии бархе аз ҷавонон ба ҳаракатҳои тундрав, аз тарбияи ғайри педагогӣ дар оила ибтидо мегирад. Барои  ин ба тарбияи дурусти фарзанд аз хурдӣ аҳамият дода шавад. Волидайн дар оила ба омӯзиши тамоми рукнҳои тарбия аз ҷумла ба тарбияи ватандӯстӣ, омӯзиши ахлоқи ҳамида, меҳнатдӯстӣ, одамдӯстӣ ва ғайраҳо таваҷҷӯҳ намояд.

Дар интиҳои андешаи хеш ба ҳаммаслакони “Паймони миллӣ” ва думраваш “Гуруҳи 24” таъкидан хотиррасон менамоем, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш мароми халқи тоҷик аст! Имрӯз он ҳама давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд. Дар кишвари азизи мо ва мардуми сарбаланди он ба марҳилаи нави рушду тараққиёт вуруд гардида, дар арсаи байналмилал мақому манзалати баландро сазовор мегардад.

Д.ШАРИПОВ,

устоди ДИС ДДТТ

Add comment


Security code
Refresh