Лӯттибози сафсатагӯ!

Дар дини мубини Ислом, китоби муқаддаси мусалмонон – Қуръони карим ва аҳкоми шариати пок оид ба одобу ахлоқи қавми Лут ва оқибати шуми онон ахбороти муфассали фиқҳӣ инъикос ёфтааст, ки ҷомеа ва фардҳои он меъёрҳои башариро хуб донанду риоя намоянд. Нагузоранд, ки бархе аз фардҳои гирифтори хислатҳои иблисонатаҳкурсии босуботи маънавиёти мусалмононро халалдор созанд.

Мутаассифона, то ҳанӯз дар ҷомеа нафарони беимону беинсофи иблиссифат вомехӯранд, ки наҳзатиёни ифротзада мисоли аёни онҳо мебошанд. Наҳзатиёни хоини ватанфурӯш ба мисли Кабириву думравони чоплуси ӯ, ҳамчунқувваи вопасгаро ва хилофи рушду инкишоф ба оламиён шинохта шудаасту аз ҳисоби хоҷагони ифротии хориҷӣ, хайрияю созмонҳои насронӣ дар Аврупои фазояш олудаи бадахлоқӣ зиндагӣ доранд. Ин тоифаи ифротӣ тавони дидани ҷомеаи мутамаддин, шаҳсони солимфикру заҳматқаринро надоранд. Зеро, саропо мағзу майнаи онҳо олудаи ғояҳои ифротӣ гаштаасту тани носолимашонро ҳамҷинсгароӣ пахш кардааст. Наҳзатиёни тангназари муллонамо бо сӯистифода аз вазъи пурихтилофу номусоид, зиддиятҳои қавмиву нажодӣ ва ғайра ҳамеша дар ҷустуҷӯи санги маломат ба зодгоҳи худ гаштаанд. Худи ин сифати хислатҳои номбурдаи онон далолат медиҳад, ки наҳзатиён нафарони нокасу касиф, палиду разил, фитнабозу иғвоангез, маккору берӯй мебошанд. Вагарна, фарде, ки ба зодгоҳи худ маломат меборонад, мисли аккаест, ки шохи нишастааш буриданист.

Дар сафи наҳзатиёни хиёнатпешавуватангадо нафаре лӯттибозу сафсатагӯй, аҳли боқимондаи қавми Лут Муҳаммадиқболи Садриддин, машҳур бо тахаллуси Иқболбӣ мавҷуд аст, ки гуфтору рафтор, кирдорҳои ӯ бидуни талаб ба исбот, саропо аз шайтонсароии ӯ далолат медиҳад. Иқболбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо пинҳон доштани мансубияти хеш ба ҷараёнҳои иртиҷоӣ пайваста бӯҳтону тӯҳмат мебофаду бешармона ифшои ҷаҳониён месозад. Аҷиб аст, ки ба аксарияти суханҳои бемаъниаш, чун чуғзи бадафт худ боварӣ надораду аз талқини бадгӯиҳояш худдорӣ намекунад. Ҳангоми эроду зиддиятҳои шахсони солимандеш дар гуфтугӯи мустақим Иқболбӣ тез асабонӣ мешаваду бидуни одобу фарҳанги муошират ба дашному ҳақоратҳои қабеҳ мепардозад. Ӯ бо ин хислатҳои девонагӣ мехоҳад ба нафсонияти ҳамсӯҳбаташ расад ва ӯро низ дашном кунанд.Эҳтимол меравад, ки шунидани ҳақорату алфози қабеҳ, шояд лаззате ба ҳамҷинсгаро бахшида тавонад?! Ё гумон дорад, ки солимандешони бофарҳанг аз алфози қабеҳ худдорӣ менамоянд? Зеро, фарҳангдоронро одобу ахлоқ дигар аст, ки Иқболбӣ ҳаргиз ба он нарасад.

Итминони қавӣ дорам, ки аҳли ҷомеаи озодандешу солимфикри Тоҷикистон огаҳ аз макру фиреби наҳзатиёни иблиссифат ҳеҷ вақт фирефтаи макру найрангҳои Иқболбии лӯттибозу сафсатагӯй намешаванд. Бо иродаю матонат Ватани маҳбуби худро содиқона аз ағёри фитнасозу иғвоангез ҳифз менамоянд. Дар атрофи сипари боэътимоди сулҳу осоиштагӣ – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъу муттаҳид, пайваста ба заҳмати созандаю бунёдкорӣ машғул мешаванду бар зидди наҳзатиёни ифротгаро муқовимати шадид нишон хоҳанд дод.

Собиров М.С.-дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Add comment


Security code
Refresh