ЭҲТИРОМ БА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ

Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеаи имрӯза чорабиниҳои ба пешгирии терроризму экстремизм мусоидаткунанда роҳандозӣ карда мешаванд, ки муҳимтарин ва таъсирбахштарини он вохӯриву мулоқоти донишҷӯён бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, коршиносон ва шахсони барӯманд мебошад. Тамошои филмҳои ҳуҷҷатӣ дар байни ҷавонон, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, навиштани мақола, эссе ва диктанти оммавӣ аз таъсирбахштарин тадбирҳо байни насли ҷавон маҳсуб меёбад. Зеро ин ташаббусҳо насли ҷавонро аз оқибатҳои манфии терроризму экстремизм огоҳ месозад.

Гузаронидани чорабиниҳои илмӣ (конфронс, семинар, мақолаҳои илмӣ) дар самти пешгириии падидаҳои номатлуби ҷомеа, баргузории чорабиниҳои тарбиявӣ (вохӯриву тренингҳо, сӯҳбат, варзиш) амали саривақтӣ мебошад. 

Ҷиҳати пешгирии ифротгароии динӣ ва зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа ба масъалаҳои тарғиби арзишҳои солим, созанда ва адолатпарастӣ ҷиҳати пурра гардонидани холигии фазои мафкуравӣ дар ҷомеа, гирифтани пеши роҳи воридшавии фарҳанг, мафкураи бегона ва таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба арзишҳои таърихиву миллии тоҷикон ва ҷой додани андешаи истиқлоли давлатии тоҷикон дар тафаккури ҷавонон бо усулҳои таълимиву тарбиявӣ, бояд эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Барои ҷомеаи муосири мо зарур аст, ки дар самти муқовимат ба терроризму экстремизм ва истифодаи мақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ тадбирҳои заруриро ба миён гузорем.

Дар маҷмуъ, яке аз самтҳои муҳими фаъолият ин огоҳсозии насли ҷавонон аз ҳадафҳои нопоки ифротгароён мебошад, зеро объекти хеле мувофиқ барои паҳн кардани ақидаҳои носолим хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва наврасон мебошанд, ки ҳоло пурра ташаккул наёфтаанд ва зудбоваранд.

Кори фаҳмондадиҳӣ набояд лаҳзавӣ, мавсимӣ бошад, балки доимӣ, ҳадафрас ва фарогири самтҳои гуногуни ҳаёт, инчунин, ба ҳамкории байниидоравӣ ва субъектҳои бар зидди ин ҷиноятҳо муборизабаранда асос ёфта бошад. Яъне, чораҳои ташкиливу амалӣ андешида шаванд, ки ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, миллатдӯстӣ, риояи урфу анъана ва арзишҳои миллӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, дастгирии ҳамдигар, гиромидошти арзишҳои таърихӣ, миллӣ ва монанди инҳо тарбия ёбанд. 

Сабоат МЎҲСИНОВА,

дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh