ҲАДАФИ НОПОК АМАЛӢ НАМЕШАВАД

Барнома-и «Минбари муҳоҷир»-ро ровӣ қайд менамояд, ки се сол инҷониб хизмат мекунад. Аммо баромади ӯро гӯш кунед, танҳо дар ҷамъият камбудӣ мекобад.

Нисбати давлату мардуми кишвари мо мафҳумҳои тафриқаангезона мегўяд. Онҳо фаромӯш мекунанд, ки хунрезиро ташкилотҳои онҳо дар вақташ сар карда буданд ва фаромӯш мекунанд, ки ба касофати онҳо 150 ҳазор фуқарои ҷумҳуриамон ҷон ширини худ қурбон карданд. Дар вақташ ТТЭ ҲНИ дар дасти террористони хориҷӣ бозича буданд. Ватани азизамонро ба майдони хунрезӣ табдил доданд. Дар ҷараёни саволу ҷавобҳо бо шунавандагон, касе ба фаъолияти онҳо объективона баҳо диҳад, гўш кардан намехоҳад. Агар фаъолияти ӯро танқид намоянд, гӯш кардан намехоҳад. Дар мобайни се сол 181 шумораи «Минбари муҳоҷир»-ро ташкил карда, ба даст қалами ранги сиёҳро гирифта, фақат камбудӣ ба пешравии ҷамъият чашм мепӯшанд. Ҳоло он, ки ин тавр ҳуқуқро ба онҳо ғайр аз «демократҳои ғарб» дигар ягон кувва надодааст. Ватани азизамонро, як бор ба варта тела дода, сари 150 000 одамро хурданд, мардуми озодандеши кишвари мо имрӯз ба суханҳои ин сафсатабозҳо ҳеҷ гоҳ бовар намекунанд. Ин тоифа ҳеҷ гоҳ мардуми дурандеши моро дигар фиреб дода, аз роҳи рост, роҳи ҳақ, роҳи озодӣ ва истиқлолият бароварда наметавонанд. Онҳо дар муҳоҷират худ сарсону саргардон шуда мегардад.

Роҳи мардуми кишвари мо як ва ҳақ аст - роҳи ободонӣ, созандагӣ, бунёдкорӣ баҳри пешбурди Ватан.

Шамил Назарзода,

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh