БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД

Имрӯзҳо мардуми тоҷик аз симои аслии Муҳаммад Иқболи Садриддин хамчун як нафари хоину ватанфурӯш, огоҳанд.

Чанде пеш дар шабакаи иҷтимои тариқи барномаи “Минбари муҳоҷир” ин ифротгаро иборози ақидав намудааст. Аммо сокинони кишвари мо хуб медонад, ки нияти ў нопок асту мақсадаш иғвоангезист.

Имрӯз чанд тан бо ном тоҷик берун аз кишвар даст пеши бар мекӯбанду аз ватану обод кардан, ҳифзи арзишҳо ва гиромидошти он сухан мегӯянд.

Эътимод бар он дорем, ки мардуми тоҷик ва ҷавонони саодатманди мо ба ҳар гуна андеша ва ақидаҳои ифротгароёнаи хоинони миллат дода намешаванд. Баҳри ободониву созандагӣ дар кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош меварзанд. Зеро, Тоҷикистони азизамонро ҳеҷ  гох ва хеҷ кас, аз он ҷумла ба монанди чунин ифротиён ободу осуда ва пешрафти онро таъмин намекунанд. Ин хоҷапарасту ватанфурӯшон танҳо максадҳои шахсӣ ва манфиатҳои хоҷагонашонро пеша доранд.

Инсони бадхоҳ ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасидааст ва намерасад.

Гурдофариди Рустам,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh