МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

Дар замони муосир падидаи номатлубе чун терроризм ва экстремизм тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Мубориза алайҳи ин зуҳуроти номатлуб сиёсати афзалиятноки ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, баҳри таъмини амнияти миллӣ муборизаи оштинопазир бо гуруҳҳои ифротӣ ба роҳ монда шудааст.

Гуруҳҳои экстремистиву террористӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ тамоми ҷиноятҳои вазнинро содир менамоянд. Мутаассифона, имрӯз як қатор ҷавонон низ гумроҳ шуда ба доми чунин хоинон меафтанд, ки худ ва хонаводаи худро ба хатар мегузоранд. Шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мушкилоти ҳассоси замони имрӯз гаштааст.

Хушбахтона, ҳоло тамоми аҳолии кишвар чеҳраи чунин ашхоси хоинро шинохтаанду ҳаргиз ба доми онҳо намеафтанд. Барои чунин инсонҳои хоину ватанфурӯш, ки пешрафту гулгулшукуфоии ватанро чашми дидан надоранд ва барои ноором кардани он кӯшиш мекунанд, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар талошанд, ки садди роҳи ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ шаванд. Давлату Ҳукумати кишвар низ дар ҳар баромадашон аз хавфу хатари гуруҳҳои ифротӣ ва пешгирии ҷавонон аз зуҳуроти номатлуби замони муосир пайваста талош менамояд.

Ин аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат бо терроризм" дар кишвар амал мекунад, то амният ва суботи ҷомеа пойдор бимонад. Дар ин навбат ҷавононро низ мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода ба доми душманони миллат фирефта нашаванд. Тамоми кӯшишу талоши худро сарфи илму дониш намуда, барои ободиву суботи Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд.

Дилшод ҲОМИДОВ,
ёрдамчии прокурори шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh