Санадҳои раднопазир
- Details
- Published on Thursday, 15 August 2024 07:35
(Дар ҳошияи мақолаи таҳлилии Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзуи “Мавқеи Тоҷикистон ва чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”)
Таърих дар тӯли ҳаёти башарият исбот намудааст, ки мардуми бофарҳангӣ тоҷик бо дигар миллату халқиятҳо ва давлатҳо бо ниятинопоку рафтори ношоиста муносибат накарда, ҳамеша бо дили поку нияти нек муносибат намудааст ва бо ягон халқу миллату давлатҳои ҳамсоя дар раванди таърих дасти зӯрӣ ва таҷовузгариро барнадоштаст.
Дар вазъияти кунунае, ки низоми ҷаҳонӣ дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо қарор дорад, Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар бо тамоми давлатҳои мутамаддини ҷаҳон ва хусусан бо давлатҳои ҳамсоя муносибати бародарона ва дипломативу сиёсиро барқарор намуда, дар ин замина барои рушд додани муносибатҳои мутақобилаи судманд ҳамеша кӯшиш менамояд ва то кунун ягон талаботи байналмилливу минтақавӣ ва байнидавлатиро нашикастаст.
Вобаста ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба талош дорад, ки дар доираи риояи талаботу қонунҳои умумибашарӣ ва созишномаҳои байнидавлативу байниҳукуматӣ, ки тайи солҳои охир бо кишвари ҳамсоя, Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расонида буд, ба қатъи риоя намояд. Мутаасифона дар ин чанд соли охир ба таври худсарона ишғол намудани чандин ҳазор гектар замини Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон ба амал омад. Илова бар ин, аз ҷониби ҳамсоякишвар бо эътирозу зуроварӣ, ҷониби кишвари мо бо матраҳ намудани чанд далели беасосу ҳуҷҷати яктарафа, ки асоси муайянкунанда надоранд, даъво ва баҳс менамоянд, ки ҳудудҳои ишғолкардаашон аз они худашон аст. Дар ин маврид ҷониби Тоҷикистонро гунаҳкор меҳисабанд.
Дар ин бора мақолаи сиёсатшинос ва коршиноси масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо, бо мақола таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ва чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” бо пешниҳоди рақаму далелҳои мушаххас ва ҳуҷҷатҳои асоси қонунидошта, баҳри баҳсҳои беасоси кишвари Қирғизистон посух дод.
Дар мақолаи номбурда, оиди баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, муҳаққиқ Абдуллои Раҳнамо санадҳо ва ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1932, солҳои 1958-1959 ва соли 1989, тақсимоти сарҳад дар асоси Конститутсияи СССР, “минтақаи баҳсӣ” байни ду кишвар ва дигар масоили вобаста ба масъалаҳои марзиву маъмурӣ ба таври возеҳ таҳлилу баррасӣ намуда, барои хонанда пешкаш намудааст. Муҳақаиқ иброз менамояд, ки даъвати роҳбарияти Ҷумҳурии Қирғизистон аз минбарҳои созмонҳои баналхалқии ҷаҳонӣ ҳамчун “миёнрав” шудан дар ҳалли масъалаи марзӣ бо кишвари мо, сабаби ноором гардидани вазъият дар қаламрави минтақа мегардад. Дар ин хусус Абдуллоҳи Раҳнамо ибрози ақида намудааст, ки “Зеро таҷрибаи низоҳои марзиву қавмӣ дар фазои пасошуравӣ нишон додааст, ки дар аксари мавридҳо пайдошавии “миёнравон”-и шарқию ғарбӣ боиси васеътару тӯлонитар шудани бӯҳронҳо гардидааст”, дар ин ҷода ҳақ ба ҷониби ӯст.
Дар ин маврид бетарифи зоҳир кардан хиёнаткорист, бинобар ин кулли мардуми бонангу номуси Ватан бо иродаи қавӣ, дарки баланди масъулиятшиносӣ, ғурури миллӣ, худшиносиву ватанпарастӣ барои ҳимояи марзу бум, қаламриви давлат ва ҳар як порча замин омода ҳастанд, ки дар таъмини амнияти кишвар устуворона истода, сарзамини аҷдодии тамаддунофари худро ҳимоя намоянд. Вақти он расидааст, ки баҳси марзиву сарҳадии кишварро бо давлати ҳамсоя, Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳамаҷониба бо пуррагӣ омӯхта шавад ва дар асоси ҳуҷҷатҳои мавҷудаи асосии ҳуқуқидошта, чораҳои қатъӣ андешанд. Мақолаи мазкур аз ҷониби сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо пешкаши хонандагон гардидааст, тоқозо менамояд, ки минтақаи низоъангези марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон, ҳуҷҷатҳои марзӣ, ки дар асоси талабтоти Конститутсионии СССР оид ба тақсимоти марз байни ин ду кишвар мавҷуд аст, мавриди омӯзиш қарор гирад. Ҳуҷҷатҳое мазкур оиди марзи Тоҷикистон, ки аз солҳои 1924 то соли 1989 ва дигар масъалаҳо вобаста ба ҳудуди марзӣ бо асосу далелҳои раднопазир пешниҳод шудааст, ки онҳо имрӯз ҳамчун як санади муҳими таърихиву сиёсӣ ба ҳисоб меравад ва далели раднопазириро доранд.
Мувафиқи таҳқиқоти дар асоси санадҳои ҳуқиқии таърихӣ бурдаи муаллифи мақолаи мазкур то кунун 211 ҳазор гектар замини қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷониби давлати ҳамсоя, Қирғизистон ғабс карда шудааст, ки он ҳамчун “қитъаи баҳсӣ” шинохта шудааст. Дар тӯли 90 соли сипаригашта ин миқдор замин, дар ихтиёри Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад, ки онро бо роҳу усулҳои гуногун ва дар аксар ҳолатҳо бо ғасбу худсарона ба қаламрави худ дароварда истифода намудаанд.
Далелу исботи ин гуфтаҳо аз харитаи сиёсӣ ва топографии Осиёи Миёна бармеояд, ки он бо қарори мақомоти олии қонунгузор ва намояндагии давлати Иттиҳоди Шӯравӣ аз 27 мартисоли 1927 таҳия гардидааст. Ҳоло ин харитаи мазкур дар Бойгонии Марказии Федератсияи Россия дар шаҳри Москва нуҳуфтааст ва асоси ҳуқуқи дорад.
Инчунин, дар ин мақола Абдуллоҳи Раҳнамо баён гардида аст “Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар тамоми давраи мавҷудияти Тоҷикистон ва Қирғизистон, танҳо ҳуҷҷатҳои тақсимоти миллӣ-ҳудудии солҳои 1924-1927 ва соли 1932 тамоми расмиёти талабкардаи Конститутсияи ИҶШС аз соли 1924-ро гузаштаанд ва танҳо ҳамин ҳуҷҷатҳо ҳамчун ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи сарҳади давлатӣ байни ин ду ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд”. Зеро ин ҳуҷҷатҳо далели ҳуқуқи доранд, ки бори исбот ва баррасӣ намудани марзу буми шаҳодат медиҳанд.
Дар ин бора пас аз соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои расмии раднопазир оид ба заминҳои худсарона ишғолкардаи Ҷумҳурии Қирғизистон борҳо мулоқоту вохуриҳо дар сатҳи гуногун доир намудаанд. Мувофиқи ин санадҳои ба имзорасида бояд замини ғайри қонуни ғабскардаи онҳо ба Тоҷикистон баргардонида шавад. Аммо ҷониби Қирғизистон ба ин ҳуҷҷатҳои имзошуда на танҳо риоя, балки даъвои ҷониби Тоҷикистонро беасос ва дар ҳама ҳолатҳо айбдор дар менамояд.
Ҳамин тариқ, Абдуллоҳи Раҳнамо гуфтугӯҳои марзии ду кишварро бо далелҳои раднопазир оид ба баҳси сарҳадиро ҳамаҷониба омӯхта дар асоси “ҳуҷҷатҳои солҳои 1924, 1927 ва 1932” пешниҳод менамояд, ки далелҳои қатъи мебошанд. Ҳуҷҷатҳои мазкур “ҳуҷҷатҳои солҳои 1924, 1927 ва 1932” ягона ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки сарҳади байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро ба таври расмӣ ва қонунӣ муайян намуда, онҳо дар доираи Конститутсияи Иттиҳоди Шуравӣ қабул ва тасдиқ гардидаанд.
Муҳаққиқ бо пешкаш намудани даҳҳо далелҳои муҳиму асоси таърихӣ ва ҳуқуқӣ дошта, таъкид менамояд, ки Тоҷикистон дар тӯли таърихи башарият ҳамчун кишвари таҷовузкор шинохта нашудааст, зеро Тоҷикистон дар таърихи мавҷудияташ ба қаламрави қонунии ягон давлату миллат дахолат накардааст, хусусан дар қаламрави Қирғизистон низ дахолат накардааст. Дар ин бора ҷониби Тоҷикистон аз кишвари ҳамсоя бозпас гардонидани заминҳои қонунии аҷдодии худашро талаб дорад. Аз ин рӯ, ҳама ин баҳсу мунозираҳо, талоши Тоҷикистон барои баргардондан ё озод намудани қаламрави ғасбшудаи аҷдодии худаш мебошад.
Аз ин рӯ, мақолаи гирдовардаи Абдуллоҳи Раҳнамо дар асоси ҳуҷҷатҳои рассмиие, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ тасдиқ ва қабул гардидааст барои исботи ҳамешагии 211 ҳазор гектар замини ишғолшуда аз ҷониби Қирғизистон далели ҳатмӣ, қатъӣ ва раднопазир мебошад. Илова бар ин, мо бояд дар асоси ин ҳуҷҷатҳои гирдовардашуда марзу бум ва амнияту якпорчагии ватани азизамонро ҳамеша ҳимоятгар ва пуштибон бошем.
Аюбов Ҳаётулло,
омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи ДДХ