Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон фабрикаи парандапарвариро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фабрикаи парандапарвариро, ки аз тарафи соҳибкор Шуҳрат Нурматов бунёд карда шудааст, ифтитоҳ намуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти паранда дидан карданд.

Корхона дар масоҳати 2200 метри мураббаъ бунёд гардида, аз панҷ парваришгоҳ бо ғунҷоиши умумии 40 ҳазор сар паранда иборат мебошад. Ҳоло дар парваришгоҳҳо 18 ҳазор чуҷаи аз 10 то 12 рӯза нигоҳ дошта мешавад. Чуҷаи паранда аз корхонаҳои инкубатсионии вилояти Суғд дар якрӯзагӣ оварда шуда, ба муддати 45 рӯз парвариш карда мешавад ва сипас ба забҳхона равона мегардад. Маҳсулоти корхона бо тамғаи “Авҷпар” дар бозори дохилӣ пешниҳоди харидорон карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи парандапарварӣ дар як сол ба 600 тонна гушт баробар аст.

Барои нигоҳубини паранда 10 нафар сокинони маҳаллӣ вобаста гардидаанд ва онҳо роҳҳои дурусти парвариши парандаро пурра омухтаанд.

Корхона бо истифода аз имтиёзи фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти воридоти таҷҳизот ва таъсиси корхонаи парандапарварӣ бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд карда шудааст.

Таҷҳизоти васлу насбшуда, ки замонавӣ мебошад, имкон медиҳад, ки паранда бо риояи талабот ва бе талаф парвариш карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои бунёди чунин корхонаҳои замонавӣ, ки омили пешрафти мамлакат ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад, сипосгузорӣ намуда, ҷиҳати бештар намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини рақобатпазирии он дар бозор дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Add comment


Security code
Refresh