ҶАВОНОН ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД

Аз оғози қарни ХХI ҷомеаи ҷаҳони  бо хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гаштааст, он «Терроризми байналмилалӣ» мебошад. Новобаста аз он, ки аз тарафи давлатҳои ҷаҳонӣ бар зидди иистифодабарии яроқҳои қатли ом якчанд конвенсияву санадҳои зарурӣ ба имзо расида бошад ҳам имрӯз, терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад.

Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағ-гузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст.

Вале баъзе аз шахсиятҳо ин арзишҳои беназирро поймол намудани шуда мехоҳанд бо ҳар роҳҳо амнияти кишвари азизи моро халалдор созанд.

Мо  устодони донишгоҳ ба ҷавонон ру оварда гуфтанием, ки ба ҳар гуна суханҳои фитнаангези давлатмаобон наафтода бо дониши комил ба онҳо ҷавобҳои сазовор диҳед, ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст.

Хӯҷаназарова М.И.
– мудири кафедраи маркетинг агробизнеси ДДҲБСТ дотсент

Add comment


Security code
Refresh