ДАР ЗЕҲНИ ҶАВОНОН АФКОРИ СОЛИМ ПАРВАРЕМ

Имрўзҳо дар сомонаҳои интернет нафароне фаъолият мебаранд, ки худро бо ном рўзноманигору журналист номида, бо мақсади иғвоандозӣ дар ҷомеа дар саҳифаҳои рўзномаву расонаҳои интернетӣ нисбати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳар гуна суханҳои бардурўғ менависанд. Бояд ин шахсон ҳаминро дарк намоянд, ки онҳоро қувваҳои бегона барои манфиати худ истифода мебаранд ва ҳамин ки онҳо ба мақсади нопоки худ мерасанд, эшонро аз хотир мебароранд.

Аз ин лиҳоз, ба ин шахсони муттаҳаму беинсоф гуфтанием, ки сухангўиву иғвоангезии беасоси худро хотима дода, хулосаи даркорӣ бароранд ва ҳаминро нағз ба эътибор гиранд, ки халқу миллати тоҷик дигар фирефтаи ин гуна шахсони хоину беватан, беинсофу беадолат намешаванд ва ба қадри сулҳу субот, ваҳдату ягонагии ҳамаи қишрҳои ҷомеа мерасанд. Аксарияти халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири худро дар бунёди давлати дунявӣ мебинад, бинобар ин ҳеҷ шахс ё гурўҳ ҳуқуқи бо роҳи зўрӣ тарзи зиндагии худро ба мардум бор кардан ва ё ҷорӣ карданро надорад.

Дар ҷамъият ақидаҳои гуногун, динҳои мухталиф, рўзномаву маҷаллаҳо озодона, фаъолият карда метавонанд, танҳо ба шарте, ки мухолифи қонуни давлат ва сохтори он набошанд.

Амалҳои ғайриинсонии ташкилотҳои экстремистӣ ва террорис‐тии байналмилалӣ, ки дар ҷаҳон рўз аз рўз оромию осоиштагии мардумро халалдор карданӣ мешаванд, мо аҳли зиёро ба ташвиш меорад. Бояд тазаккур дод, ки ин ташкилоти ТЭТ ҲНИ бо амалҳои бешарафонаю ноинсофона ва сиёҳдилонаашон мехоҳанд, мардуми осоиштаро бо ҳам ба иғво андозанд. Тухми кинаву адоватро нисбати халқу ватан, хусусан, дар вуҷуди ҷавонон кишт кунанд. Онҳоро ба доми худ кашида раҳгум намоянд, ба кўчаи сарсониву саргардонӣ ҳидоят кунанд.

Мутаассифона, ин зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонон бештар доман паҳн мекунад ва ҳазорҳо ҷавонон қурбони беадолатиҳо мегарданд. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди ватандору меҳанпарвар ҳушёрию зиракиро набояд аз даст диҳад.

Воқеан дар назди ҳар фарди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳое истодаанд, ки мебояд онро шиори рўз намуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм», «Стратегияи давлатии мубориза бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016‐2020» ҳар шаҳрванди моро водор мекунад, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ дошта бошем. Дар ботин, сурату сирати хеш боварӣ ба ояндаи некро таҷассум карда тавонем. Дар қалби ҷавонон хислатҳои ҳамидаи инсонпарварона, меҳандўстона, меҳнатқариниву эътимоди комилро парварида тавонем.

Ҳамагонро мусаллам аст, ки Тоҷикистон рўзҳои мудҳиштарин – ҷанги шаҳрвандӣ, ҷанги бемаънию сарсонию саргардониро аз сар гузаронидааст. Имрўз сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, амниятро соҳиб ҳастем. Ин пешравиҳо, комёбиҳои ба даст овардаи давлату Ҳукумат ба осонӣ наомадааст. Ба қадри неъмат, ба қадри оромию осудагӣ бояд расид. Шукрона намоем, ки дар мулки шукуфон, давлати соҳибистиқлол – Тоҷикистон зиндагӣ мекунем.

М.НЕГМАТОВА,
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh