Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯмакҳои моддии Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас карда шуд

Ба зарардидагони даргириҳои марзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ кӯмакҳои моддии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрас карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров суҳбат намуда, таъкид кард, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як оилаи зарардида барои барқарор кардани хонаҳои истиқоматӣ ба миқдори зарурӣ семент, шифер, арматура, хишт, тахта ва дигар масолеҳи сохтмонӣ ҷудо гардид. Манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон дар кутоҳтарин муддат бунёд ва бо тамоми ҷиҳози зарурӣ таъмин хоҳад шуд.

Барои зимистонгузаронии оилаҳои зарардида бошад орд, биринҷ, равған, пиёз, сабзӣ,  картошка, макарон шакар ҷудо ва дастрас шуда истодааст.

Сокинон аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ карда, иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша мардумро дастгирӣ менамояд, ки ин боиси рӯҳбаландӣ мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh