БОЯД АҚЛИ СОЛИМ ҒОЛИБ ОЯД

 

 

 

Воқеаҳое, ки тайи чанд рӯзи охир дар минтақаҳои марзии байни Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ ва Ворухи шаҳри Исфара ва Ҷамоатҳои деҳоти Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Fафуров рух доданд, бемуболиға, ҳар як сокини сарзаминамон, бахусус вилояти Суғдро ба ташвиш андохт. Марги ҷавонмардони родмарди Ватан, шаҳид гаштани тифлакони бегуноҳ ягон нафарро бетараф гузошта натавонист ва ба аксҳои ин шаҳидгаштагон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта шудааст, бе оби дида наметавон нигарист. Ин ҳолати бавуқӯъомада дар дили ҳар як шаҳрванди ин сарзамин ҳисси барқарор намудани адолатро бедор намуд ва донишҷӯёни макотиби олии маркази вилоят, созмонҳои ҷавонон, бонувон, модарон, сокинони алоҳида,‐ҳама якдилу якҷон изҳор медоранд, ки баҳри ҳифзу ҳимояи ин Ватан, орому осоиштагии марзу буми аҷдодӣ омодаанд.

Вале, тири аз камон ҷастаро наметавон ақиб баргардонд. Аммо тиру туфангро метавон ҳар лаҳзаи даркорӣ ба кор бурд. Нахуст моро мебояд бо ақли солим андеша намоем. Ояндаи мардумонамонро, ки бояд боз ҳам дар якҷоягӣ боз давоми асрҳо ҳамзистӣ намоянд, биандешем. Мардуми сарбаланду соҳибтамаддуни моро ҳикмати қадимае ҳаст, ки мегӯяд, ҳавлӣ нагир, ҳамсоя гир. Чунки дар лаҳзаҳои мушкил то он фурсате, ки дӯсту ақрабо ба ёриат мерасад, ҳамсояи наздик ба ёрӣ мешитобад. Ин суханест давоми асрҳои тӯлонӣ санҷидашуда. Мо, мардуми тоҷик бо халқи қирғиз давоми асрҳо дар муҳити дӯстиву рафоқат, ҳамкориву хешигарӣ ҳамзистии осоишта дорем. Тақозои вазифаи рӯзноманигорӣ борҳо ба Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача рафтаам. Дар кӯчаву бозорҳои деҳаҳои ҷамоат қирғизҳо озодона, ҳамроҳи аҳли оилаашон харид карда, гардиш карда мегаштанд. Касе ба онҳо сухани ноҷое намегуфт. Зеро дар Ватани мо Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи сокинони мамлакат новобаста ба миллату динашон ҳуқуқ ба зиндагии озодонаву осоишта пешниҳод карда шудааст. Ва ҳамаи мо, сокинони кишвар медонем, ки дар бисёр минтақаҳои мамлакат намояндагони мардуми қирғиз маскунанд ва дар дӯстиву тифоқӣ бо тоҷикон умр ба сар мебаранд. Бо сардухтури беморхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамсӯҳбат гаштаму пурсон шудам, ки оё аз деҳаи Қулундии ноҳия, ки асосан қирғизнишин аст, сокинон меоянд. Дар ҷавоб гуфт, дар тамоми беморхонаҳои ноҳия, осоишгоҳҳо бо оилаашон омада, истироҳати бофароғат мекунанд, барояшон тамоми шароит муҳайёст. Мо дар ин масъала, яъне кадом миллат будани табобатгирандагон ягон тафриқа намегузорем.

Ҳангоме моҳи октябри соли гузашта бо эҳтимому дастгирии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар осоишгоҳи Зумрад, шаҳри Исфара дар қатори зумраи журналистон истироҳат намудем, чанде аз сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Чоркуҳ ва Ворух изҳор намуданд, мо бо мардуми қирғиз дар иттифоқу осоиштагӣ умр ба сар мебарем, додугирифт дорем. Сокинони алоҳида дар баъзе маҳаллаҳо баъзан бо ҳам забон наёбанд, байни ҳам муноқиша мекунанд, ки аксар вақт ба ин ҳатто, роҳбарони ҷамоатҳо низ ҳамроҳ намешаванд ва боз бо гузашти чанд муддат онҳо ба мусолиҳаву ҳамдигарфаҳмӣ меоянд.

Ин дафъа бошад, рӯйдодҳои рӯзҳои охир ба торҳои дардноки қалбҳои мардуми мо нохун зад.

Яроқу аслиҳаро ба кор даровардан осон аст, вале набояд хуни ноҳақ резаду мардуми бегуноҳ қурбон гардад. Бояд ақли солим ғалаба намояд, бояд мо, ҳамсояҳо ба ҳам оем, дар ин вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳони муосир то тавонистан баҳри сулҳу осоиш саҳм гузорем.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh