ҲАР КИ БО ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ ЧУ БАҲР.....
- Details
- Published on Tuesday, 20 September 2022 16:51
Рӯйдодҳои рӯзҳои охир, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён гирифтанд, бори дигар собит намуданд, ки ҷониби кишвари ҳамсояи мо ҳаргиз хостори оромиш ва субот дар минтақа нест, зеро борҳост, ки нуктаҳои қарордоди оташбас ва суратҷаласаи комиссияи муштаракро вайрон намуда, вазъро ноором месозад.
Мукарраран вайрон намудани талаботи оташбас ва ҳатто ин бор қабул накардани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи қатъи ҷанг гувоҳ бар он аст, ки ҷониби Қирғизистон ҳаргиз хостори бо роҳи дипломатӣ ва гуфтушунид ҳаллу фасл намудани масъала нест ва мехоҳад танҳо ва танҳо аз роҳи ҷанг даст ба кор шавад. Нуктаи қобили таваҷҷуҳ он аст, ки ҳарчанд ҳамеша ва ҳар бор ҷанг аз ҷониби Қирғизистон оғоз шуда, сабаби марги афроди бегуноҳ, харобии хонаву манзилҳои мардуми осоишта мегардад, вале воситаҳои ахбори умум ва ҳатто чандин нафар аз чеҳраҳои сиёсии ин кишвар Тоҷикистонро ба паймоншиканӣ айбдор карда, оғози ҷангу хунрезиро ба қушунҳои сарҳадии кишвари мо нисбат медиҳанд. Вақте чанде аз расонаҳои хабарии Қирғизистон ин бор ҳам ҳамин шеваи муносибат ба рӯйдодҳои марзиро пеш гирифтанд, ростӣ беихтиёр ҳамон мақоли маъруф ва дорои оҳанги дурушти тоҷикӣ ба хотирам омад: Ҳам ғаррӣ, ҳам дуздӣ ва ҳам пешхезӣ. Аммо ба осонӣ чун шумори ҳисоби 2 зарби 2 аз ахбори шабакаҳои телевизионии Қирғизистон сохтакорӣ ва дурӯғпарокании онҳо равшан буд.
Дар навбати аввал дар шабакаи хабарии Қирғизистон барои ягон гуфтори хабарнигорон, ки тавассути онҳо кишвари моро барои оғози ҷанг ва ҳамла ба мардуми осоишта айбдор мекунанд, далеле нишон дода намешавад. Аз сӯи дигар, мувофиқи ахбори шабакаи мазкур гӯё нерӯҳои ҳарбии Тоҷиккстон соати 6.30 дақиқа ҷангро оғоз намуданд, вале ин дурӯғи маҳзи онҳоро изҳороти неруҳои марзбонии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гуфтори аҳолии осоиштаи минтақаҳои наздисарҳадии кишвари мо ба осонӣ рад мекунад, зеро аз рӯи ин изҳорот тирпарронии ҷониби Қирғизистон соати 04.50 шуруъ шудааст, яъне 1 соату 40 дақиқа қабл аз замоне, ки тавассути он расонаҳои хабарии Қирғизистон Тоҷикистонро барои ҳамла айбдор намудаанд.
Шабакаи хабари вақте мегӯяд, ки ҷониби Тоҷикистон ба минтақаҳои аҳолии осоишта ҳамла кардааст, аммо ягон далел барои гуфтааш надорад ва ҳатто бархе коршиносони расонаҳои хабарии Тоҷикистон бо далелҳо собит намуданд, ки бештари ин наворҳо аз ҳаводиси дар кишварҳои дигар рухдода гирифта шуданд. Муҳимтар аз ҳама ин гуфтори шабакаҳои хабарии Қирғизистон дар бораи ҳамла ба мардуми осоишта аз ҷониби Тоҷикистонро мусоҳибаи Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон комилан рад мекунад. Ба навиштаи сомонаи Радиои Озодӣ “Қамчибек Тошиев шаби 16-уми сентябр дар пахши мустақим дар Фейсбук гуфт, “талафот асосан дар байни низомиён аст. Рости гап, шумораи фавтидагонро мушаххас карда истодаем, мутаассифона, зиёд аст.”
Вай афзуд, “маҷруҳон низ зиёд ҳастанд. Ба сабаби кӯчондани саривақтии одамон, гуфтан мумкин аст, ки талафот дар миёни ғайринизомиён камтар буд,” – афзуд ӯ дар пахши мустақим”.
Ин суханони Қамчинбек Ташиев на танҳо ахбори шабакаи хабарии Қирғизистонро рад мекунад, балки асрори дигареро фош мекунад, ки он ба омодагии пешакии ҷангии ҷониби Қирғизистон ишорат менамояд. “Ба сабаби кӯчонидани саривақтии одамон” гуфтани Ташиевро чӣ тавр метавон маънидод кард, ба ғайр аз ин кӣ аз қабл ба тарҳрезӣ шудани ин ҳамларо равшан ва возеҳ тафсир мекунад. Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе наворҳо ҳам пайдо шуданд, ки шаҳрвандони навоҳии наздисарҳадии Қирғизистон дар онҳо ҳақиқат доштани омодагии пешакии ҷониби Қирғизистонро тасдиқ кардаанд, зеро авроди низомӣ онҳоро ҳамон шаб ба ҷанг ва бо додани яроқ ба марзи Тоҷикистон даъват кардаанд.
Гузашта аз ин вақте ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд ва оташбас эълон намуданд, боз ҳам дар кутоҳтарин фурсат ҷониби Қирғизистон қавонини ин оташбасро дағалона ва бо анҷоми ҷиноятҳои вазнини зиддиинсонӣ вайрон намуд. Нахуст, ин ки ба масҷиде дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишини муосири ҷангии назоратшаванда ҳамла карда шуд, хосатан дар вақте ки мардум барои адои намоз мерафтанд. Ба гуфтаи баъзе шоҳидон ҳатто вақте ки мардум барои хондани намози ҷанозаи онҳое, ки қурбони тири сарҳадбонони қирғиз шуда буданд. Ҳамла ба масҷидро, ҷое, ки мардум барои адои намоз мераванд ва маконе, ки барои мардуми мусалмон муқаддас аст, оё метавон кирдори инсонӣ ба шумор овард?
Баробари ин ҳамла ба мактаб, ки макони муқаддаси маърифат ва такмили ақлу хиради инсонҳост, камтар аз ҷинояте нест, ки тариқи анҷоми таркиш дар масҷид сурат гирифтааст. Эҷоди тарс дар вуҷуди кудакони бегуноҳ, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштан ва ҳатто марги баъзе онҳо паёмадҳои номатлуби чунин амалҳои ғайриинсонӣ ба шумор мераванд.
Чунин ҳодисаро мо танҳо дар кишварҳои Афғонистону Сурияву Ироқ дар ҳолати анҷоми амалҳои террористии гуруҳҳои ифротӣ дидаву шунида будем. Дар баробари ин, куштори аҳли як хонавода дар деҳаи Чоркуҳи Исфара, ки аз онҳо ду нафар кӯдак ва як зани ҳомила мебошанд, магар ҷинояти вазнине зиддибашарӣ нест? Қатли кӯдаки бегуноҳ, модари ҳомиларо чигуна метавон тасаввур кард. Даҳшати гушношунид, ҷинояте, ки инсон набояд ҷасорати даст ба он заданро дошта бошад? Болои ҳамаи ин ҳамла ба мошини ёрии таъҷилӣ, ки барои наҷоти ин бегуноҳон талош мекардро чи метавон унвон кард, ҷинояти вазнини ғайриинсонӣ, душмании инсоният, амали террористӣ ва ё чизи дигар? Харобкориҳои зиёд дар манзилои истиқоматии сокинони деҳаҳои Хистеварз, Овчӣ- Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Чоркуҳ ва Ворухи шаҳри Исфара ваҳшонияте беш наметавонанд бошад, чун вақте инсон медонад, ки дар ин хонаҳо афроди бегуноҳ, инсонҳои синну соли гуногун, аз ҷумла кӯдакон зиндагӣ мекунанд, ба кадом дасту дил барои қатъи хандаҳои беғаш дар лабони кӯдакон иқдом мекунанд.
Ахиран боз ҳам ба ҳамон усули мақоли маъруфи тоҷикӣ “Ҳам ғаррӣ, ҳам дуздӣ ва ҳам пешхезӣ” ҷониби Қирғизистон аз ин ҳама ҷиноятҳои зиддиинсонии хеш сарфи назар намуда, ба Созмони миллали муттаҳид аз болои Тоҷикистон шикоят бурдан мехоҳад. Аммо бовар дорам, ки ҳамла ба масҷиду мактаб, қатлу куштори кӯдакони бегуноҳ, модари ҳомиларо ҳам масъулини ниҳодҳои ҳуқуқи башар дар саросари олам наметавонад бидуни таваҷҷуҳ ва бепарвоёна сарфи назар намояд. Ё аз ҳамла ба мошинаи ёрии таъҷлиро, ки ягон ҷангҳои ҷаҳонӣ тибқи қавонини амалкунандаи ҳолати ҷангӣ дар хотир надорад, ба осонӣ бигузаранд? Ҳаройина, ин ҷанг ва қатлу куштор ва харобкорӣ танҳову танҳо душманӣ на фақат ба халқи тоҷик, балки халқи худи Қирғизистон ҳам аст ва аллакай садоҳои баландшуда бар зидди роҳбарияти олии ин кишвар, хоса раиси кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар ҳақиқати ин ҳолро тафсир мекунанд ва бо ҳам бо каломи Сайидои бузург итминон дорем:
Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.
Нуралӣ Нурзод,
доктори илмҳои филологӣ, профессор