Таҳаммули моро андозаест

Иғвои навбатии гурӯҳҳои манфиатхоҳи қирғиз бадбахтона, боиси ҳалокати афсару аскарони марзбони тоҷик, мардуми осоиштаи мо гардидааст. Ин кирдори ноҷо аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ин кишвари ба тавре ҳамсоя нерӯҳое ҳастанд, ки сулҳу оромиро чашми дидан надоранд. Охир, баъди мулоқоти чандинкаратаи намояндагони ҳарду кишвар бояд марзҳои мо ба марзи бародарӣ табдил меёфтанд ва дӯстии чандинасраи халқҳои тоҷику қирғиз қавитар мегардид.

Мушкилоте, ки солҳо мавзӯи мубрами марзҳои ду тараф гардидааст, зиндагии имрӯзиён, алалхусус онҳоеро, ки дар минтақаҳои марзӣ зиндагӣ мекунанд, ба ташвиш овардааст. Оне, ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ дорад, бояд миллатҳои ба ҳам дӯсту бародар бошанд, ба расму русуми гузаштагон эҳтироми баланд гузоштан аз анъанаҳоест, ки ҳамеша мадди назари имрӯзиён, махсусан миллати қирғиз бояд бошад.

Бадбахтона, таҳти ливои демократияи дурӯғин дар Қирғизистон ҳизбу гурӯҳҳое амал мекунанд, ки барои амалӣ гардонидани мақсадҳои нопокашон аз ҳеҷ кори пасту амали ноҷо рӯй намегардонанд. Барои онҳо на сухани роҳбари ноҳияву сарвари вилояташон қадру қимат дораду на сарвари мамлакаташон. Дар паси ин нерӯҳои ифротӣ намояндагони алоҳидаи сохторҳои қудратии кишвари ҳамсоя ҳам меистанд, ки оташи ҷунуни онҳоро фурӯзонтар мегардонад.

Чӣ арзише ҳаст, ки ба сулҳу ободии кишвар баробар шуда метавонад? Ҳеҷ чиз бо ин неъмати бебаҳо, яъне сулҳу осоиштагӣ дар як сатҳ қарор надорад. Талошу низоъҳо баҳри ба даст овардани молу мулк ҳамеша боиси ҷангу низоъ мегардад. Дар ин дунёе, ки ду рӯз умр дорӣ, чӣ ҳоҷат ба талошу занозанӣ ва бадбинии якдигар? Оне, ки ҳамеша дар ҳирси молу чиз мондааст, дигаронро низ тарғиб месозад, ки баҳри манфиати худ ба ҳама кор омода аст.

Ҷойи нигаронист, ки расонаҳои хабарии Қирғизистон, чӣ давлатию чӣ ғайриҳукуматӣ, ҳодисаҳои нангини марзро, ки аксаран аз ҷониби шаҳрвандони бехиради кишвари худашон сар мезананд, пӯшиши яктарафа медиҳанд ва ҷониби моро ҳадафи таънаю маломат қарор медиҳанд. Вале сабру таҳаммули моро ҳам ҳадду андозаест. Иғвогарони ҷониби ҳамсоя бояд донанд, ки рӯзе барои ҳар қатра хуни дар марз рехта ҷавоби сангинеро хоҳанд дод.

Гулҷаҳон Турсунзода,
Ҳақиқати Суғд

Add comment


Security code
Refresh