АҲДШИКАНӢ НОБАХШИДАНИСТ

Субҳи дирӯз инҷониб пас аз шунидани хабари нохуш дар бобати даргириҳову тирпарониҳо дар минтақаҳои сарҳадии Исфара, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров басо ноҳинҷор гаштаву ҳолати кӯдакону мардумро пеши назар оварда, садбору ҳазорбор душманони миллату давлатро, ки аз хориҷ истода оромиву осоиштагии мардумро халалдор месозанд лаънатҳо хондам.

Қирғизи бехонумони разил доимо хоҳиши ҷангу ҷидолро дошту бо роҳбарии баъзе аз афроди шайтонсифаташ худ доимо даъвоҳои беасосро пеш оварда, бо дасти доираҳои махсуси сиёсиаш зуд - зуд ва ҳадафмандона бо ҳар баҳонае вазъияти марзиро тезу тунд карда, ба ҷанг мекашанд.

Бадии кор дар он аст, ки онҳо худ вазъиятро нотинҷ кардаву боз бо туҳмату буҳтонҳои беасос ҳамаро ба масъулини мардуми тоҷик бор кардани мешаванд, ки ин амали пасту нобахшиданист.

Имрӯзҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоиву расонаҳои хабарии хеш элитаи сиёсӣ, то мардуми қатории ҳамсоягони мо моҳияти масъала, вазъияти амиқу дақиқи  минтақаро надидаву насанҷида яктарафа, бетаҳлил, бе андешаи неки таҳамулпазирӣ, ҳамзистиву ҳамсоядорӣ ба таври худ лоф мезананд, каҷкориву дарунсиёҳии хешро бори дигарон месозанд.

Ин рафтори нодурусту нобародаронаи  ҷониби Қирғизистон афкори ҷамъиятиро коста гардонидаву мардумро ба ғалатандешӣ даъват менамояд, ки ин амал оқибати нек надорад ва барои мардуми оддии қирғиз ҳам зиёновар мебошад. Сиёсатмадорони имрӯзаи қирғиз ҳарчанд аз инсонияту одобу русуми ҳамсоядорӣ сухан мекунанд, лекин мақсаду маромашон норавшан аст.

Мо тоҷикон ҷангхоҳ ҷангҷӯ нестем, то ҷон дар рамақ дорем порчаи Ватани хешро ҳифз хоҳем кард, вале ҳеч гоҳ аввал шуда зарба намезанем. Ҷониби қирғизҳо ҳам дарк менамоянд, ки  мисли ҳамешагӣ дар баҳсҳои марзӣ мағлуб меоянд, чуноне, ки мегӯянд, офтобро ба домон пӯшонида намешавад ва даъвои беасоси қирғизро ҳам ҳамин хел қабул карда намешавад.

Роҳбари олимақоми кишварамон, таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкидан мегӯянд, ки барои ҳалли низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз роҳҳои дипломатӣ ва сиёсӣ тибқи меъёрҳову санадҳои қаблан ҳосил гардида, анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ, бо ҷалби мақомоти маҳаллӣ аз ҳарду ҷониб  истифода бурд ва баҳси марзро хотима бахшид.

Воқеан роҳбарони иғвогару зархариди қирғиз бояд дар назар дошта бошанд, ки ҳеҷ гоҳ наметавон, ин ё он масъаларо бо зӯриву бо истифода аз тиру туфанг ва ҷангҳои фачҳ иттилоотӣ ҳаллу фасл намуд.

Воқеан ҳам, аз амали пасту аҳдшиканонаи қирғизҳо, ки на танҳо бо тоҷикон, ҳамчунин бо дигар ҳамсоясарҳадони хеш доимо дар ихтилофу баҳс аст, кас ба хулоса меояд, ки ин амали қирғизҳо, танҳо беэҳтиромӣ ва таҳқир нисбат ба халқи куҳандиёр аст.  Қирғизҳои разил донед, то ҷабру ситами ноҳақи мардуми тоҷик ин оқибати ногувореро бар саратон хоҳад овард.

Гуфтаҳои яке аз сиёсатмадори ҷониби қирғиз Қ. Ташиев дар баромадаш иброз дошт, ки " ... аз сабаби саривақт баровардани аҳолӣ аз минтақаҳои наздимарзӣ дар байни мардуми оддӣ талафот ба назар намерасад..."  -худ  шаҳодати он аст, ки ин муҳорибаҳо қаблан тарҳрезӣ шудааст. Ҳамзамон чанд муддат ин ҷониб ҷамъоварии шумораи зиёди техникаҳои низомӣ ва васоити ҷангӣ дар сарҳад бозгӯи ин гуфтаҳо нест? !

Албатта, мо мардуми тоҷик ҳеч гоҳ тарафдори ҷангу хунрезӣ нестем ва хуб медонем, ки натоиҷи ҷанг чигуна мушкилотро ба бор хоҳад овард, вале амалҳои зишт ва аҳдшиканиву нағмаҳои қирғизро маҳкум намудаву нобахшиданӣ мешуморам.

Аз ин рӯ, ҳамин қадар метавон илова намуд, ки мо, мардуми тоҷик тарафдори зудтар ҳал шудани баҳси марзӣ будему ҳастем!

М. Самадова

Add comment


Security code
Refresh