ҶАВОНОН НЕРЎИ ПЕШБАРАНДАИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТАНД!

Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Нақши ҷавонон дар ҳамаи соҳаҳо хеле назаррас буда, дастовардҳои навинеро бо донишу саводи комил ва ихтироотҳо муаррифӣ намуда истодаанд.

Бояд қайд кард, ки 13 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, санадҳои аввалин дар роҳи ташаккул ва инкишофёбии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» – ро қабул намуд.

Ҷавононро зарур аст, ки имрўз зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, аз пайи донишандўзӣ, омўхтан ва интихоби касб барои ояндаи хеш бошанд. Мо, баҳри амалӣ гардонидани ҳадафҳои онҳо саҳм гузошта, ҳисси ватандўстиву хештаншиносиро дар дили онҳо ҷойгир намоем.

Қоситов Ҷўрабек 
– ассистенти кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh