ХУЛОСАИ ЗУРУРӢ БОЯД БАРОВАРД
- Details
- Published on Thursday, 28 July 2022 12:21
Дар ибтидои қарни XXI падидаи наве бо номи ҷаҳонишавӣ авҷ гирифт ва дар арсаи байналмилӣ муносибатҳои нави иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро ба миён овард.
Ҳамчунин, вобаста ба ҷаҳонишавӣ мутаасифона падидаҳои номатлуб аз қабили ифротгароии динӣ, терроризми байналхалқӣ, ҷудоихоҳӣ (сепаратизм), гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар падидаҳо дар ҷомеаи инсонӣ равнақ ёфтанд. Чунин рафтори субъектон дар ҷомеаи инсонӣ – рафтори зиддиҳуқуқӣ ё ҳуқуқвайронкунӣ ба ҳисоб меравад.
Теъдоди мусулмононе, ки аз тарафи ҷангиёни «Давлати исломӣ» дар Сурия ва Ироқ ба қатл расиданд, аз сарҳади 50 ҳазор нафар гузашт. Беш аз 5 ҳазор занону духтаронро ҳамчун «ғанимати ҷиҳодӣ» дар асорат нигоҳ медоранд. 150 нафари онҳоро барои розӣ нашуданашон ба «никоҳи ҷиҳодӣ» зинда зери хок карданд. 13 наврасро танҳо барои он қатл карданд, ки тавассути барномаи шабакаи телевизионӣ бозии футболро тамошо кардаанд. 21 нафарро танҳо барои он парронданд, ки дини дигарро пайравӣ мекарданд. 45 нафарро барои он сӯхтанд, ки аз мазҳаби онҳо нестанд. Ваҳшонияти онҳо ҳаррӯза доманашро васеъ мекунад. Бинобар далелҳои шайъию исботшуда, узвҳои дарунии аксарияти кушташудагон гирифта шудаанд. Гурдаҳои асирони зиёдеро буридаанд. Узвҳои дарунӣ воситаи дигаре барои таъмини моддии «ҷиҳодӣ»-ёни ДИИШ гаштаву дар бозорҳои сиёҳ фурӯхта мешаванд.
Бадбахтона, дар ин селоби хуну оташ дасти ҷавонони тоҷик низ олуда аст. Тибқи маълумоти расмии ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 200 нафар ҷавонони тоҷик дар сафҳои ДИИШ қарор доранд. Ширкати онҳо дар ҷангҳои хунин далолат мекунад, ки на ҳама сокинони кишвари мо ба умқи таълимоти дини мубини ислом расидаанд ва сулҳофаринишу таҳаммулпазириро дар он эҳсос накардаанд. Зеро, манфиатхоҳону ҷаҳолатпешагоне, ки динро роҳи расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ қарор додаанд, аз қабл ба донишомӯзии ҷавонон дар макотиби дунявӣ монеъ гашта, мафкураи манқуртиро дар майнаи онҳо ҷой намудаанд. Аз теъдоди ҷавонони дар Сурияю Ироқ қарордошта, аксарияташон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пурра таҳсил накардаанд. Дар хусуси маълумоти олӣ бошад, ҳоҷати сухан гуфтан нест. Осебпазирии шуури онҳо аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад ва ҳар як хоҳишманде метавонад озодона мағзи онҳоро зери итоати худ дарорад.
Имрӯз онҳо зери шиорҳои бофтаю сохтаи «Давлати исломӣ» мемиранду мекушанду месӯзанд. Қатлу куштори ваҳшиёна кори маъмулии онҳо гаштааст. Ҳатто ба занону кӯдакон раҳм намекунанд. Ба дини ислом дигар танҳо аз назари ҷангу сиёсат менигаранд. Аз ҳама даҳшатнокаш ин аст, ки иқдомоти зиддибашарии худро ҳақ ва дар роҳи Худо меҳисобанд. Барояшон ҷуз исломи ДИИШ дигар исломе вуҷуд надорад.
Албатта, башарият, аз ҷумла қудратҳое, ки бо дастони худ чунин неруи ҷаҳонсӯзро тавлид карданду дигар лаҷоми назораташро аз даст додаанд, дарк карданд, ки кадом хатари мудҳише ба насли одамӣ таҳдид мекунад. Пеши роҳи «Давлати исломӣ» гирифта хоҳад шуд. Вале мо – сокинони Тоҷикистон низ бояд аз ин раванд дар канор набошем. Мо бояд бикӯшем, ки дигар манфиатҷӯён натавонанд фарзандони моро бо андешаҳои дурӯғини «ҷиҳодӣ» ва фалсафаи бофтаи «шаҳодат» заҳролуд сохта, ба майдонҳои ҷангу хунрезӣ раҳнамунашон созанд. Ҳеҷ кас бояд нисбат ба тақдири ҷавонони тоҷикистонӣ бетафовут набошад! Хоҳ дар қаламрави ҷумҳурӣ бошад, хоҳ берун аз он.
Вобаста ба ин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргардонидани шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки фирефтаи гуруҳҳои террористӣ гашта, ба доми ин ҷангҳо кашида шудаанд чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст.
Ҳамаи ин ҳодисаҳо сабақанд. Аз ин рӯ, аз ин сарсониҳои занону кӯданони тоҷик мо бояд хулосаи зарурӣ барорем, то дигарбора ба гурӯҳҳои ифротӣ бовар накунем ва дар самти баргардонидани шаҳрвандон аз падидаҳои номатлуб бетараф набошем.
Саломов Д.Ф.
– мудири бахши кор бо ҷавонони ДДҲБСТ