Филми мустанади “Шикасти фитна” пардаро аз рӯи хоинон бардошт

Хиёнаткорони бешарафу бенангу номуси миллат, ному насаб ва аксҳояшон дар филми мустанади “Шикасти фитна” нишон дода шудаанд, нохалаф, ватанфуруш, пастфитрат будани ҳар яки онҳоро нишон медиҳад.

Филми “Шикасти фитна” бори дигар тавонист чеҳраи аслии фурухташудаҳои наҳзатиро ошкор созад.

Моро зарур аст, ки ҳеҷ гоҳ ба ҳангомаҳои беасос ва дурӯғу буҳтони душманони миллат гӯш надиҳем, ба қавле саёҳро аз сафед фарқ намоем.

Хоинон дӯст, рафиқ, ҳамроз, падару модар, хоҳар, бародар, дин, урфу одат, миллат, давлат ва Худо надоранд. Онҳо ваҳшие беш нестанд.

Аз филми ҳуҷҷатии “Шикасти фитна” маълум гардид, ки ҳеҷ гоҳ аз оғози соҳибистиқлолии кишвар наҳзатиҳои терорист ва хунхор пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ва ҳаёти осоиштаи мардуми шарифи онро намехостанд ва барои ба вуҷуд овардани низоъҳои гунонгун ва билохира ҷанги хонумонсуз даст заданд.

Ин навбат низ аз хориҷ истода, тавонистанд, ки мисли худ ҷинояткорони ҷомеаи Бадахшонро пайдо кунанд ва ба ивази маблағ онҳоро барои ҳамкорӣ ва ангезонидани бадбинӣ нисбати давлату миллат ташвиқ намоянд, ки ин навбат низ ба мақсадашон нарасиданд.

Бояд хотирнишон сохт, ки бо амалҳои разилонаи наҳзатиён дар ҷанги шаҳрвандӣ зиёда аз 150 000 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расида, зиёда аз 1 миллион нафари тоҷикистониён бо худ номи гурезаро гирифта, ба хоки Афғонистон фирор намуданд.

Ҳамаи он ҳодисоту амалҳои рӯзҳои сиёҳи таърихи миллатро наметавон ба қалам кашид. Аммо имрӯз он нафароне, ки миллат ва давлати тоҷикро ба оташи ҷанг кашида буданд, боз кушиши аз сари нав ташкил кардани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро доранд.

Ёдовар мешавем, ки омилони асосии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ин собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом буд.

Бадтарин ҳолат ҳамин аст, ки маҳз аз замоне, ки Муҳиддин Кабирии хоин роҳбарии ташкилоти терористи экстримистии ҳизби наҳзати исломиро соли 2006 ба душ гирифт, аз он замон аз суйи ТТЭ ҲНИ аҳдшиканиҳо, қатлу куштор, нооромсозӣ вазъ, табадулотҳои давлатӣ оғоз гардиданд ва хуни фарзандони миллатро барои мансабу пул шуда, борҳо резонидаанд.

Аз амалу кирдорҳои ин хоинони миллат дар навори филми “Шикасти фитна” пай бурдан мумкин аст, ки ин ватанфурўшони аблаҳ худашонро гуё ростқавл ва ё ягон авлиё эътироф намуда, тамоми табақаҳои ҷомеа, аз ҷумла рўшанфикрон, зиёиён, омўзгорон, табибон, соҳибкорон, ҷавонон ва дигар қишри фаъоли ҷомеаи тоҷикро, ки имрўз дар фикри созандагиву бунёдкорӣ ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастанд, таҳқир менамоянд ва мардуми шарифи Тоҷикистон худ алакай пай бурдаанд, ки ширинии шакар аз шўрии намак фарқ дорад.

Ҳайратовар ин аст, ки пас аз овардани далелу фактҳои раднашаванда ва шоҳидҳои намоён дар филми " Шикасти фитна" ин душмандони миллат гуноҳи худро эътироф намекунанд.

Аз филм ба хулоса омадан мумкин аст, ки аъзои ТТЭ ҲНИ заррае дар фикри Ватан набуда, мехостанд ба хотири курсиву манфиатҳои шахсии хеш саркардагони гуруҳҳои ҷиноятӣ дар Бадахшон М.Мамадбоқиров, Х. Холбашов, У. Мамадшоева ва дигар нафарони ҷинояткорро ҷалб намуда, барои халалдор сохтани суботи Тоҷикистон амалҳои разилонаи худро истифода намоянд.

Филми “Шикасти фитна” он ҳама амалҳои разилонаи даҳшатафканандаи саркардагони гурӯҳҳои ҷиноятӣ М.Мамадбоқиров, Х. Холбашов, У. Мамадшоева ва дигар нафарони ҷинояткор, ки ҳадафи ниҳоии онҳо зуран ба даст овардани қудрат, муборизаҳои сифр қудратталабона, манфиатҷӯӣ аз ҳама ҳодисаҳои дар кишвар ба амал омада, коштани кинаву адоват миёни сокинони Бадахшон, гумроҳ кардани ҷавонон, таблиғи фарҳангу маданияти бегонаву тундгаро ва ғайра буд.

Хулоса бояд наҳзатиҳо пеши ин миллат сар фуруд оварда, ҳазорон бор бахшиш бипурсанд ва товони он ҷиноятҳои кардаашонро бидиҳанд. Аммо мо дида истодаем, ки баръакс ин бадзотон мисли Кабириву Шерзамонов, Муҳаммадиқболи Садриддин, Саидюнуси Истаравшанӣ, Темур Варақӣ ва дигар хиёнаткорон дар руйи худ пусти хар кашида, боз дар хориҷи кишвар наворҳои видеоӣ ва постҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунон обу тоб дода паҳн менамоянд ки гӯё инҳо ғамхори халқ ҳастанд ва ягон гуноҳ надоранд..., Ин пастфитратҳо мисли саги буйгир барин интизоранд, ки дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи нохуш мисли офати табиӣ шамолу бод, заминҷунбӣ, обхезӣ ва ғайраҳо рӯй диҳаду онҳо, кори Худо ва табиатро ба гардани давлату Ҳукумат бор намуда, гунаҳкор намоянд.

Харандеш Хазратқулов

Add comment


Security code
Refresh