Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд

Бегоҳии рӯзи 26 июн дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии идона доир гардид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро табрику таҳният намуд.

Қайд карда шуд,  ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар тақвими миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун рӯзи пирӯзӣ бар қувваҳои ҷудоихоҳ ва оғози марҳалаи нави таърихӣ таҷлил мегардад, зеро ваҳдати миллӣ хавфи пароканда шудани миллат ва аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷиконро ба таври воқеӣ пешгирӣ намуд.

-Имсол аз санаи ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки барои ҷомеаи мо дастоварди ниҳоят арзишманд ба ҳисоб рафта, асоси суботи сиёсӣ ва ваҳдату ягонагии Ватани маҳбубамонро поягузорӣ намуд, чаҳоряк аср сипарӣ гардид.

Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки “Мо фарҳанги сулҳ ва ваҳдати ба даст овардаамонро қадр ва ҳифз менамоем, зеро сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи мо дастоварди бузург ва заминаи тамоми таҳаввулоти демократӣ мебошад”.

Маҳз, бо шарофати барқарор шудани сулҳу Ваҳдати  миллӣ дар таърихи навини кишварамон марҳалаи нави созандагию бунёдкорӣ оғоз гардида, Ватани азизамон аз вартаи ҳалокату парокандагӣ наҷот ёфт. Барқарор шудани сулҳу субот имконият фароҳам овард, ки татбиқи барномаҳои муҳимтарини иқтисодию иҷтимоӣ бо ҳадафи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ва гузаронидани маъракаҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ амалӣ гардад,-иброз дошт роҳбари вилоят.

Гуфта шуд, ки дар натиҷаи расидан ба Ваҳдати миллӣ аз ибтидои солҳои 2000-ум сар карда, кишвари мо ба марҳалаи рушд ворид шуд ва пешрафти босуботи иқтисодиёт ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум дар ҳамаи соҳаҳо таъмин гардид.

Таҷлили  Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар соли ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 30–солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле рамзӣ мебошад, зеро Иҷлосияи тақдирсози миллат ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз на танҳо ба хотима ёфтани мухолифатҳои мусаллаҳона ва ҷангу хунрезиҳо, балки ба таъмин гардидани сулҳу субот, оромию  осоиштагӣ, бунёди давлати демократӣ ва тантанаи адолату ҳақиқат мусоидат намуд.

Дар амал татбиқ гардидани қарорҳои ин иҷлосияи воқеан таърихӣ имкон фароҳам овард, ки дар кишвари азизамон сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ризоияти миллӣ пойдор гардида, рукнҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барқарор шаванд. Ҳаёт низ собит месозад, ки дар амал татбиқ гардидани ҳама гуна орзую омол ва нақшаву ниятҳои нек, аз ҷумла рушду тараққиёти давлат ва ободии Ватан маҳз, ба сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад.

Боиси таъкид аст, ки бузургтарин сиёсатмадорони ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ба унвони намунаи ибрат барои таҳкими сулҳу субот дар кишварҳои мухталифи олам истиқбол намуда, бархурдорӣ ва огаҳӣ аз ин рӯйдоди босаодатро рукни муассир дар таъмини ваҳдати қавмиву миллӣ барои аксари кишварҳои дунё арзёбӣ кардаанд. Баробари ин, дар симои Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик шахсияти воқеии сулҳовар ва меъмори ваҳдатро шинохтаву ба ҷаҳони муосир муаррифӣ намуданд, ки воқеан санади ифтихор барои тамоми мардуми кишвари азизамон маҳсуб меёбад.

Аз баракати сулҳу оромӣ таҳти раҳнамоии Пешвои муаззами миллат нақшаҳои пешрафти босуботи кишвар, ободониву созандагии Ватан ва зина ба зина беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ муайян гардид, ки имрӯз бо дастгирии самимона ва саъю талоши ватандӯстонаи халқамон дар ҷодаи амалӣ гардонидани онҳо бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем.

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк кардаанд, ки амалӣ гардидани ҳамаи омолу орзу ва нақшаву ниятҳои ҳар фарди ҷомеа, пешрафту тараққиёти давлат ва ободии Ватан маҳз, ба сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад.

Пешвои муаззами миллат, зимни мулоқоту сӯҳбатҳои самимонаи хеш мардуми сарбаланди вилоятро ҷиҳати анҷоми иқдомҳои тозаву нав ва пеш аз ҳама кӯшишу талош дар ҳифз ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт намудани ин бузургтарин арзиш ва дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар - сулҳ ва Ваҳдати миллӣ бо самимият ва садоқати олии раҳбарона ҳидоят менамоянд.

Аз ин лиҳоз, дар шароити ниҳоят ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ, торафт мураккаб шудани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва печида гардидани раванду тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони ватандӯст ва баору номуси Суғди бостонӣ баробари тамоми мардуми Тоҷикистони азиз бо сарфарозӣ ва эҳсоси баланди ватандорӣ ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори хеш намуда, ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои Сарвари ваҳдатофару сулҳофарини хеш  баҳри таҳкими корномаҳои бузурги созандагӣ, пешрафту шукуфоии кишвар, ҳифз ва густариши андешаи сулҳи тоҷикон ва фарҳанги нодири ваҳдатофаринӣ, расидан ба мақсадҳои бузурги давлатсозӣ ва ормонҳои наҷиби давлатдорӣ талош хоҳанд намуд.

Дар ин рӯзҳои фараҳбахш аҳли ҳунари вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон меҳмони вилоят гардида, якҷо бо санъаткорони вилояти Суғд тантанаҳои идонаро шукӯҳу шаҳомати хоса бахшиданд. Барномаи ҷолиби ҳунармандони тоҷику ӯзбек, ки тараннумгари сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату якдилӣ буд, ба иштирокчиёни чорабинии идона руҳияи тоза ато намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh