Барои пойдории Ваҳдати миллӣ кушем

Аз таҷрибаи нангини асри гузашта ба худ бардошт гирифта, халқи тоҷик намегузорад, ки минбаъд лаҳзаҳои даҳшатбори чанги шаҳвандӣ такрор ёбанд. Роҳбари ҳозираи ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ аз хориҷи кишвар истода, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоотҳои иҳвоангезонаро ирсол намуда, фазои сулҳу суботи ҷомеаро ноором кардан мехоҳад.

Шаҳрвандони ватандӯсти кишвар ин рафтору амалҳои нолоиқи М.Кабириро зери танқид гирифта, набояд фирефтаи он шаванд. Ҳар яки онҳо ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, Ватани азизи хешро боз ҳам ободтар созанд. Барои ин донишу ҷаҳонбинӣ, маърифат ва фарҳанги сиёсиро афзун намуда, сиёсати созанда ва бунёдкорро интихоб намуда, барои пойдории ваҳдати миллӣ кӯшиш намудан зарур мебошад.

Абулло Нозим,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh