Бадхоҳи касон ба мақсад нарасад

Ифротгароёни ватанфурӯшони ватангадо ТТЭ ҲНИ аз амалҳои худ сахт пушаймонанду афсӯс, ки ихтиёри мустақилона надоранд. Хоҷагони хориҷӣ, ки солҳои тӯлонӣ онҳоро маблағгузорӣ кардаанд, ононро ба ихтиёрашон намегузоранд.

Аслан, метавон пай бурд, ки ҳамаи даъвоҳои аз ҳиссиёти бахиливу ҳасуд маншаъ мегирад.  Ин нафарони бетақдир гумроҳу ватангадо гаштаанду ба мардуми кишвари соҳибистиқлоламон, дастовардҳои бемисли даврони Истиқлолияти давлатӣ, толеъи баланду заҳмати созандагию бунёдкорӣ, мақому манзалати волои кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва неъматҳои насиби мардуми мо ҳавас мекунанду ҳасуд танашонро пӯшидаву нотавон кардааст. Зеро, аз насибаҳои ин дунё наҳзатиёнро танҳо хиёнату фатанфурӯшӣ ва хислатҳои дигари пасттарини инсонӣ расидааст ва ҳисси интиқом аз нектолеон фаро гирифтааст.

Дар мулки бегона ихтиёрашон дар дасти хоҷагони хориҷӣ будан мутааллиқ ба ин тоифа асту онон барои фурӯнишонии алами худ ҳамеша бо ҳангомасозӣ машғул мешаванд. Мардуми кишвар бошанд, итминону иродаи  қавӣ, иқболу  толеи баланд ҳамеша хурраму хурсанд сиёсати роҳбарияти кишвари соҳибистиқлоламонро ҳамаҷониба мақбул медонанду дастгирӣ менамоянд.

Мардуми Тоҷикистон бо сарҷамъиву ваҳдати миллӣ соҳиби дастовардҳои беназир гаштаанд. Онҳо ояндаи дурахшони худро бо дасти худ бунёд менамоянд.

М.СОБИРОВ,
дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология
ва туризми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh