Хизматҳои беназиру мондагори ҷаҳонии Пешвои миллат
- Details
- Published on Thursday, 23 June 2022 14:03
22 июни соли равон дар толори Раёсати Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва масъалаҳои таъмини суботи сиёсӣ ва ҷаҳони муосир” бо иштироки Раиси вилоятии Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, сиёсатмадорони ҷумҳурӣ, олимону устодон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир гардид.
Конфронсро ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Сараввал Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода аҳли нишаст ва меҳмононро ба ифтихори ҷашни 25 – солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуд.
Сипас, дар мавзӯи “Ваҳдат – омили якпорчагӣ ва шукуфоии миллат” баромади пурмуҳтаво намуд. Аз ҷумла таъкид намуд, ки Ваҳдати миллӣ баробари Истиқлолияти давлатӣ дар як мақом қарор дошта, барои миллати мо арзишмантарин ва бебаҳотарин рӯйдоди таърихӣ ба шумор меравад, ки он бо ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, барои рушду пешрафт ва ободии Ватани азизамон заминаи воқеӣ гузошт. Маҳз ҷасорат, ватандӯстиву қаҳрамонӣ, садоқату таҳаммулпазирӣ ва ғояи ваҳдатофарии Пешвои миллат имкон дод, ки мардуми пароканда сарҷамъ омада, давлати қариб ба нестӣ рафта ба кишвари ободу шукуфон ва рӯ ба рушд табдил ёбад. Боиси ифтихори мардуми шарафманди тоҷик аст, ки мактаби сулҳофарии Пешвои муаззами миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баландро ноил шуда, мавриди омӯзишу тадбиқ қарор гирифтааст. Бо шарофати ваҳдату ҳамдилии мардуми кишвар Тоҷикистони биҳишосоямон рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, баҳри расидан ба зиндагии шоистаи халқ заминаҳо фароҳам омад ва ҳадафҳои стратегии мамлакат таҳти роҳбариву раҳнамоии Сарвари давлат роҳандозӣ гардида, имрӯз барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва солҳои 2022- 2026 “Солҳои рушди саноат” чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Вилояти овозадори Суғд, ки яке аз минтақаҳои саноатии кишвар маҳсуб меёбад, барои пиёда намудани ин ҳадафи дурбинона нақшаҳои бузурги созандагиву бунёдкориро то ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарҷамъиву муттаҳидии мардуми ободкори вилоят амалӣ менамояд- таъкид намуд Раиси вилоят.
Ҳамчунин, дар конференсия академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Кароматулло Олимов дар мавзӯи “Пешвои миллат ташаббускори музокирот ва меъмори сулҳу ваҳдати тоҷикон”, мудири шуъбаи таърихи навтарини Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дотсент, Абдулло Ғафуров дар мавзӯи “Ваҳдат мароми олии миллат” ва доктори илмҳои таърих, профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ваҳҳоб Набизода дар мавзӯи “Аҳдномаи ризоияти ҷомеа-падидаи нодири мактаби сулҳофарии Пешвои миллат” бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Дар интиҳои қисми ифтитоҳӣ иштирокчиёни конференсия бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муроҷиатнома қабул намуданд.
Дар Муроҷиатнома иштирокдорони конференсия аз мақомоти олии қонунгузори мамлакат хоҳиш намуданд, ки бо назардошти хизматҳои беназиру мондагори ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди сулҳу ваҳдат миллӣ бори дуюм бо унвони олии Ватан - “Қаҳрамони Тоҷикистон” сарфароз гардонида шаванд.
Аминҷон Шарифзода
“Ҳақиқати Суғд”