НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзонааш нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуданд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт.

Пешвои миллат бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи ҳалокат берун оварданд, мардуми парешонро сарҷамъ намуданд ва садҳо ҳазор гурезагонро ба Ватан баргардониданд.

Бо иродаи Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.

Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубиятест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардаанд. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо ҳамчунин ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон нисбат ба сиёсатмадори варзида ва Сардори тавонои Тоҷикистон, мебошад. Бузургтарин дастоварди Пешвои миллат, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст.

Сардори давлат тавассути таъмини сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳалаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузоштанд, тавассути сиёсати сулҳофару созанда ва дарҳои кушод таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон ҷалб сохтанд. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шуданд.

Соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат боз як ҷоизаи олӣ – медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо» – и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият насиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин шахсе мебошанд, ки ба гирифтани чунин ҷоиза ноил гардидаанд.

Дар мамлакатамон тинҷиву оромӣ ҳукмрон аст, ки ин маҳз дар натиҷаи меҳнати пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омадааст.

Дилмурод АБДУЛЛОЕВ,
магистранти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh