Зуҳуроти номатлуби ҷомеа

Айни ҳол сайёраро вазъи мураккаби сиёсӣ ба ташвиш овардааст. Гурӯҳу созмонҳои террористию экстремистӣ барои расидан ба амалҳои нопоки худ аз ягон амали зишт рӯй намегардонанд. Онҳо бо ҳар гуна роҳҳо мехоҳанд, ҷавононро ба тарафи худ ҷалб намоянд, зеро маҳз ҷавонон қишри осебпазири ҷомеа маҳсуб меёбанд.

Онҳо махсусан тавассути интернет бо сӯиистифода аз дини мубини Ислом ва ваъдаҳои дурӯғи худ сафи аъзоёни худро афзоиш додан намехоҳанд. Мутаассифона, ҷавонони бесаводу ноогоҳ, шахсони шароити иҷтимоияшон пастбуда, донишу илмнаомӯхта, бо ҷаҳонбинии танг ба ваъдаҳои пучу беасоси террористон фирефта шуда, ба гурӯҳи созмонҳои ифротӣ шомил мешаванд. Ин ҳолат изтиробовару боиси нигаронист.

Аз ин лиҳоз, падару модарон омӯзгорон ва шахсони масъулро зарур аст, ки ба таълиму тарбияи дурусти фарзандон диққати аввалиндараҷа диҳанд, бепарво ва бемасъулият набошанд. Дар акси ҳол пушаймон мегарданд, аммо пушаймонӣ суд надорад. Хусусан мо омӯзгоронро муҳим аст, ки хонандагонро ба омӯхтани илму маърифат, касбу ҳунар, инсондӯстию ахлоқу одоби нек ҳидоят кунем, онҳоро дар руҳияи ифтихори ватандорӣ, ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, фарҳангу суннатҳои миллӣ тарбия намоем. Гузаронидани дарсҳои кушоди тарбиявӣ, вохӯрӣ бо собиқадорони ҷангу меҳнат, мутолиаи матбуоти даврӣ низ дар ин самт таъсиргузор ва судманд мебошад. Ин омил вазифаи ҳар як падару модар ва омӯзгор аст.

Бояд ҷавонон дорои ҷаҳонбинии васеъ, дониши мукаммали сиёсию динӣ, хислатҳои неки инсонӣ бошанд, ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ин гуна ҷавонон ҳеҷ гоҳ ба амалҳои номатлуб даст намезананд, ҳамчун фарзанди содиқ ба давлату миллат хизмати софдилона мекунанд, барои ободии диёр саҳми арзандаи худро мегузоранд ва бо ифтихори баланди ватандорӣ дар корҳои созандагӣ фаъол мегарданд. Чунин ҷавонон фахри Ватану миллат ва падару модар мегарданд.

Зебунисо БОЙМАТОВА,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ № 20 ноҳияи Ҷаббор Расулов

 

Add comment


Security code
Refresh