Ҷанги иттилоотӣ ва таъмини амнияти миллӣ

Айни замон мафҳуми «ҷанги иттилоотӣ» ба маънои васеъ барои ифодаи муқовимат дар фазои иттилоотӣ ва воситаҳои ахбори омма баҳри ноил гаштан ба аҳдофу мароми гуногуни сиёсӣ истифода мешавад.

Ҷанги иттилоотӣ воқеияти ҷаҳони муосир гашта, тамоми кишварҳои ҷаҳонро фаро мегирад. Дар аввал фазои киберӣ тахайюли эҷоди фантастикаи илмӣ буд. Нависандагони фантаст пайдоиши навъи нави ҷангро дар театри нави амалиёти ҳарбӣ фазои иттилоотӣ пешбинӣ мекарданд. Хусусияти хоси ин театр "маҳсули парварида" будани он аст. Баръакси фазои анъанавӣ (замин, об, ҳаво, фазо), ки табиат онҳоро ба вуҷуд меорад, фазои иттилоотӣ маҳсули зеҳни инсон аст. Силоҳи асосии чунин ҷанг иттилоот мебошад. Дар ҷаҳони муосири компютеришуда бартарии техникӣ дар фазои иттилоотӣ ҳалкунанда аст.

Дар бораи хусусияти ин навъи ҷанг сухан ронда, метавон "бе хунрезӣ" будани онро қайд кард: пешрафти илмӣ‐техникӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ барои саркӯб кардани душман бо истифода аз воситаҳои ғайримуқаррарии харобкорӣ, ки одатан боиси ҳалокати ҷисмонӣ намешаванд, имкониятҳои аҷиб фароҳам овард. Бе зарбаи якбора, бидуни талафоти инсонӣ, метавон тавассути партофтани иттилооти барқасдона ба ВАО ва Интернет бартарии назаррасро нисбат ба душман ба даст орад.

Ҳамин тариқ, ба маънои васеъ ҷанги иттилоотиро ҳамчун истифода ва идоракунии иттилоот бо мақсади ба даст овардани бартарии рақобат бар душман дар соҳаҳои гуногун муайян кардан мумкин аст.

Дар байни дигар ҳадафҳои ҷангҳои иттилоотӣ, шууршӯӣ ва дасткорӣ ба омма аксар вақт бештар номбар мешавад, ки иборат аз ворид кардани ғояҳо ва ақидаҳои душманона, зараровар ба ҷомеа ва шуури инфиродӣ, гумроҳ кардан ва маълумоти нодуруст додан ба омма, заиф намудани эътиқодҳо, арзишҳои милливу умуминсонӣ ва ғайра мебошад.

 Биёед, танҳо дар бораи мушкилоти таъсиррасонӣ ба шуури инсон тавассути дастёбӣ ба забон таваққуф кунем. Дар тасвири адабиёти милливу ҷаҳонӣ, ҳар як миллат ғояҳои некӣ ва бадиро ба тарзҳои гуногун таҷассум мекунанд.

Агар ҷойивазкунии моҳияти ин мафҳумҳо, ба мансубияти маъноҳои дар асл хос нест, пас ин метавонад ба суст шудани пояҳои ахлоқӣ, хусусан дар байни ҷавонон оварда расонад.

Аввалин зуҳуроти ҷанги иттилоотӣ, ки рабт ба шууршӯӣ доранд, аллакай садсолаҳо пеш фаъол буданд, аммо ҷангҳои иттилоотӣ худ чун мафҳум дар нимаи дуюми асри ХХ роҳандозӣ гашт. Ин пеш, аз ҳама, марбут ба имконнопазирии ҷангҳои ҷаҳонии замони муосир аст, ки сайёраро нобуд карда метавонад; дуввум, бо роҳи тағйир додани моҳияти иттилооте, ки ҳоло маҳсули асосии ҷомеаи пососаноатӣ ва силоҳи навтарини ҳамлавӣ гаштааст. Вобаста ба ин, аз нимаи дуюми асри ХХ натоиҷи таҳқиқоти илмӣ оид ба ин масъала пайваста пайдо шудан мегиранд.

Тоҷикистон бояд ба пурзӯр намудани истифодаи нерӯи зеҳнӣ ва фарҳангии худ дар мубориза барои ҷойгоҳи сазовор дар фазои иттилоотии ҷаҳони рушдёбанда кӯшиши худро равона намояд.

Каримбой КОМИЛОВ,
номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи
 давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh