Ҷавонон зидди падидаҳои номатлуб
- Details
- Published on Thursday, 23 June 2022 11:13
Ноогоҳӣ, надоштани дониши диниву дунявӣ ва аз бемасъулиятии волидон имрӯз бархе аз ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ки ба ҷомеа шаҳрвандӣ хатарнок аст, шомил шуда истодаанд. имрӯз гуруҳҳое ҳастанд, ки аз хориҷи кишвар истода ҷавононро гумроҳ намуда, фирефтаи доми худ мекунанд. Фаъолияти бархе сомонаҳо ба ҳамин мақсад – фирефтан ва шомилгардонии шаҳрвандон ба гуруҳҳои ифротгаро равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи мо ба шумор меравад.
Дар замони муосир дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Терроризм давлат, дину мазҳаб надорад. Танҳо мехоҳад, ки ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳониро бо корҳои зишти худ ноором созад. Як зумра хоинони миллат бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд. Онҳое, ки аз хориҷи кишвар истода, иғвоангезӣ мекунанд, дар асл хоинони миллат, ватанфурӯшони зархариданд. Ҳамаи гуфторашон дурӯғ, кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ аст. Ба хотири пули ночиз ба Тоҷикистони азиз хиёнат кардаанд. Мо бояд бетараф набошем ва пеши роҳи ин масъаларо гирем, то ҷавонон фирефта нашаванд. Дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят хушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба насли ҷавон ва наврас тарзи солими ҳаётро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекорӣ ва ба роҳи беҳуда рафтан фурсат наёбанд.
Бештар ба забономӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд. Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем.
Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки вазифаи мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист. Мо, ҷавонон бояд ҳушëриву зиракии сиëсиро аз даст надиҳем, то фирефтаи доми ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо нашавем, зеро ояндаи мамлакат дар дасти ҳар яки мо ҷавонон мебошад.
Фараҳманд МАСУДОВ,
донишҷўи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров