Ифротгароии динӣ ва хатарҳои он ба амнияти инсонӣ

Ҷаҳони муосир ба бархурдҳои зиёди фикрӣ ва ақидавӣ рў ба рў гардидааст, ки бахши асосии онро зиддияти дину мазҳабҳо ба вуҷуд овардааст. Яке аз омилҳои аслии сар задани ин зиддиятҳо ба ифротгароии динӣ вобаста аст, ки аксаран ин ҳолат бар асоси ба таври дуруст дарк накардани моҳияти асосии таълимоти дини мубини ислом ва маърифати мукаммали он зоҳир мешавад.

Агар ба таълимоти ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористии хислати динидошта таваҷҷуҳ намоем, як нуктаи муҳим мушаххас мегардад, ки онҳо аксаран бар самти ақидаҳои динӣ ба ифротгаройӣё зиёдаравӣроҳ дода, моҳияти аслии таълимоти дини Исломро на бар пояи ҳақиқати таърихӣ ва таълимоти аслии он, балки аз рўи фаҳмишҳои худ ва бар асоси ба эътибор гирифтани манфиатҳоихеш шарҳу тафсир додаанд. Пайравони ин ҷараёнҳову мазҳабҳо дар асл аксаран китоби муқаддаси Қуръонро бо шарҳу тафсирҳои он нахондаанд ва бештари таблиғоти хешро аз рўи шунидаҳояшон аз дигар шахсиятҳо ба анҷом мерасонанд, ки дар натиҷа ақидаҳои хатарнок барои ҷомеа ва мардум аз ҷониби онҳо паҳн мешавад. Дар ҳақиқат, яке аз сабабҳои аслии реша гирифтани ғояҳои ин ҳизбу ҳаракатҳо ҳамоно ба огоҳии зарурӣ надоштани гурўҳҳои муайяни аҳолӣ аз аслу моҳияти таълимоти Ислом ва доираи танги мутолиаи онҳо аз сарчашмаҳои динӣ ба шумор меравад.

Вобаста ба ин, имрўз моро зарур аст, ки барои ҷилавгирӣ аз ифротгароии динӣ тадбирҳои мушаххас андешида, пеш аз ҳама ҷиҳатибаланд бардоштани маърифати динии ҷомеа ва ҷавонон аз ҳар роҳу воситаҳо истифода намоем.

Яке аз роҳҳои такмили дониш ва маърифати динии ҷавонон истифодаи босамар аз дарсҳои «Таърихидин» дар макотибитаҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишгоҳҳо ба шумор меравад. Таҳқиқи амиқ дар омилҳои ҷанги шаҳрвандӣ бори дигар собит месозанд, ки сарчашма аслии он боз ҳам ифротгароии динӣ ба шумор меравад. Аз ин рў, имрўз низ моро зарур аст, ки дар навбати аввал бар он бикўшем, ки ҷавононро, хоса шогирдонихудро дар руҳияи маърифати олии инсонӣ тарбия намоем, то ки дар вуҷуди онҳо муҳаббату ихлосу иродат нисбати ҳамдигар афзуда, донишҳои заруриро фаро бигиранд. Маҳз, тарбияи инсони ҷавобгў ба меъёрҳои замони имрўз метавонад, дар таҳкими пояҳои ҷомеаи солим нақши муассир гузорад.

Боварии комил дорам, бо истифода аз чунин шароити мусоид барои омўзиш ва маърифатандўзӣ ҷавонони мо дар навбати аввал худ мекўшанд, ки симо ва сирати хешро бо маънавият, дониш ва маърифати олии инсонӣ барҷаста гардонида, худ намунаи ибрат дар амри коҳиш додани хатарҳои фикрӣ ба амнияти инсонӣ мегарданд.

Д.РАШИДОВА,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh