ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚУ ЯКДИЛИСТ

Имрӯзҳо мардуми тоҷик аз симои аслии ифротгароёни ТТЭ ҲНИ хоину, ватанфурӯш, огоҳ шудаанд. Ин тоифа якчанд сол аст, ки мардуми кишвари моро осуда зиндагӣ кардан намегузоранд ва аз хориҷа истода бо фармони хоҷагони хориҷиашон иғвобарангезӣ мекунанд.

Бо суханҳои дурӯғи худ онон худро ватандӯст вонамуд мекунанд, аммо миллати тоҷик хуб медонад, ки нияти онон нопок аст.

Имрӯз чанд тан бо ном тоҷик берун аз кишвар даст пеши бар мекӯбанду аз ватану обод кардан, ҳифзи арзишҳо ва гиромидошти он сухан мегӯянд. Аммо бехабар аз он, ки дигар мардумро гӯл зада наметавонанд. Ё шояд ҳам инро дуруст дарк намудаанд, ки нақшофарӣ дар нақши ватандӯст аз ҷониби хоин чи гуна пазируфта мешавад.

Мардуми тоҷик, бахусус ҷавонони саодатманди мо ҳаргиз ба ҳар гуна андеша ва ақидаҳои ифротгароёнаи хоинони миллат дода хоҳанд шуд. Онҳо имрӯз баҳри ободониву созандагӣ дар кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош доранд. Зеро, Тоҷикистони азизамонро ба ҷуз сокинони он касе ободу пешрафта намекунад. Ин аҷнабипарасту хоҷапарасту ватанфурӯшон бошанд, танҳо максадҳои шахсӣ ва манфиатҳои хаҷагонашонро пеша доранд.

Инсони бадхоҳ, душманони бадкирдор ҳеҷ гоҳ ба мақсад нарасидааст ва намерасад.

Мо тарафдори онем, ки мудом дар ҷомеаи имрӯза сулҳу субот пойдор ва мардуми босаодат сарҷамъ бошанд. Зеро ба қавли Мавлонои Балх:

Пирӯзи аз иттифоқ хезад,

Парокандаги аз нифоқ хезад.

Малика Томирис,
сиёсатшинос, устоди Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh