БАДАХШОН – МАВЗЕИ САЙЁҲӢ

Қуллаҳои осмонбӯси кӯҳҳои Помир боис гардидааст, ки ҷаҳониён минтақаи Бадахшони Кӯҳиро ҳамчун Боми ҷаҳон номгузорӣ  намоянд, ки ифтихори ҳар як тоҷикистонист.Аниқ карда шудааст,ки  дар шароити кӯҳсор фардҳое ба воя мерасанд, ки аз сангистони маҳал характери ғаюрию ориятпарварӣ, аз кӯҳистони сар ба фалак ҳиссиёти виқору сарбаландӣ, аз сарватҳои бебаҳои диёр қалби поку сулҳҷӯ дар тинаташон ҷой гирифтааст. Заҳмати фидокорона баҳри шукуфоии Ватан, нияти софи созандагӣ, дарки масъулияти амонии диёр ва хислатҳои дигари наҷибонаи худогоҳии миллии мардуми Бадахшон доимо вирди забонҳост.

Гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ моҳи охир дар минтақаи Бадахшон бо фароғату истироҳат машғул будаасту хотироти хешро аз ин гӯшаи табиати биҳиштосои Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоӣ ҷой додаанд. Баёни таассуроти сайёҳон ошкор менамояд, ки фазои орому осуда ва муҳити зебои осоишта аз чеҳраи мардум ва тадбирҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 25 -  солагии ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳувайдо мегардад. Хурсандивор аст, ки сайёҳони номбурда ҳамватанони аврупоии худро ҷиҳати дидану шиносоӣ бо Бадахшон даъват намуда, эътимоди хоса ба давлатдории Тоҷикистон кардаанд.

Мавсими имсолаи сайёҳӣ бо коҳишёбии маҳдудиятҳои  зидди коронавирус авҷу хурӯши нав дар Бадахшон пайдо карда, мардуми маҳал бо санъати волои ҳунармандон ба сайёҳӣ сатҳи баланди маърифату хизматрасонии муносибро пешкаш менамоянд.

М.СОБИРОВ, 
дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи
табиати факултети геоэкология ва туризми
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh